ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА СТИПЕНДИЯИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО НОИЛ ГАШТАНД (20/09/2011)

Душанбе, 20 сентябри соли 2011 – Иттиҳоди Аврупо санҷиши даври охирини барномаи Эразмус Мундусро ба анҷом расонид. Ин барнома ба донишҷӯён ва олимони тамоми дунё стипендия барои омӯзиш дар донишгоҳҳои Аврупоро пешниҳод менамояд. 

87 донишҷӯён ва олимони ҷавони тоҷик бомуваффақият равиши санҷишро гузаштанд. Дар соли гузашта ҳамин миқдор донишҷӯён ва олимон соҳиби стипендия шуда будаанд. Ин далел собити он аст, ки донишҷӯён ва мактабҳои олии Тоҷикистон ҳамин замон бо равиши пур кардани саволнома хуб ошноӣ доранд ва онҳо иштирокчиёни фаъоли ин барномаи таълимии ИА шуда истодаанд.  

Донишҷӯён, таҳқиқотчиён ва олимон аз донишгоҳҳои Тоҷикистони дар поён зикршуда дар байни номзадҳои интихобшуда мебошанд:
• Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
• Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
• Донишкадаи иқтисод ва савдои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
• Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
• Донишкадаи политехники шаҳри Хуҷанди назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  
• Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ
• Шӯъбаи Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Кӯлоб 
• Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Эразмус Мундус –  яке аз барномаҳои асосии ҳамкории минтақа ба ҳисоб меравад, ки таҳти роҳбарии Ташаббуси омӯзишии Аврупо барои Осиёи Марказӣ амалӣ мегардад. Ин барномаи ҳамкорӣ ва мубодила дар соҳаи маълумоти олӣ, бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумоти олии аврупоӣ ва кӯмак ба муколама ва ҳамфаҳмии байни халқҳо ва  фарҳанг  тавассути ҳамкорӣ бо давлатҳои сеюм ба ҳисоб меравад. Барномаи зерин барои тараққиёти захираҳои инсонӣ дар кишварҳои шарики ИА мусоидат карда, бо фаъол гардонидани барномаҳои мубодилавӣ байни ин донишкадаҳо ва Иттиҳоди Аврупо иқтидори байналхалқии ҳамкориро байни донишкадаҳои давлатҳои сеюм баланд мебардорад.   

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.

Барои маълумоти бештар бо Маҳбуба Абдуллоева дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рақами телефонии  +992 (372) 217407 ё нишонаи электронии:  Mahbuba.Abdullaeva@eeas.europa.eu муроҷиат намоед.