ИТТИҲОДИ АВРУПО БА МУШАХХАС СОХТАНИ ХАТТИ САРҲАДИ МАМОЛИКИ ВОДИИ ФАРҒОНА КЎМАКИ МОЛИЯВӢ МЕРАСОНАД (27/02/2012)

Рӯзҳои 23 – 24 феврал Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи лоиҳаи нав, ки ба раванди демаркатсияи сарҳад дар водии Фарғона ва минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад, шурӯъ намуд.

Душанбе, 27 феврали с.2012 - Зимни як қатор ҷаласаҳо Хадамоти илмии дохилии Комиссияи Аврупо, Маркази муштараки илмӣ-тадқиқотӣ (МКИТ), ки амалиёти лоиҳаро ба зимма дорад,  нақшаи чорабинӣ ва ҳаҷми кӯмаки техникии пешбинишударо ба намояндагони Шўъбаи Дастгоҳи Президент оид ба демаркатсияи сарҳад, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо,  Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия, Шўъбаи назорати сарҳадӣ дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи давлитии сармоягузорӣ ва идораи мулки давлатӣ пешниҳод кард. Ҷаноби Эдуард Ауэр, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин иштирок намуд. 

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои ҳар як кишвари иштироккунанда аксҳои радифии минтақаҳои сарҳадиро таъмин мекунад. Инчунин ба онҳо таҳҷизоти фотограмметрикӣ ва компьютерӣ, аз он ҷумла барномаи компьютерии зарурӣ барои коркарди аксҳои таҳқиқоти зондӣ дода мешавад. Мутахассисони маҳаллӣ тарзи идоракунии таҷҳизот ва барномаи компьютерӣ омӯзонида мешаванд. Илова ба ин, Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти мавқеъмуайанкунии геодезиро (дарьёфткунандаҳои GPS) барои аниқ муқаррар намудани координатҳо ва баландии минтақа бепул таъмин менамояд. 

Маълумотҳои ба даст омада ва таҷҳизот метавонанд дар давоми ҷаласаи комиссияҳои тарафайн оид ба делимитатсия  ва демаркатсияи сарҳад ва ҳамчунин аз тарафи шўъбаҳои назорати сарҳад истифода шаванд.

Мӯҳлати дарназардошташудаи лоиҳа 18 моҳ, ва буҷаи тақрибии он 1312500 евроро ташкил медиҳад.

Пас аз Душанбе, ҳайати вакилон кори худро дар шаҳри Бишкек идома медиҳад, ки рӯзҳои 27-28 феврал муҳокима бо роҳбарияти Қирғизистон баргузор мегардад. 

Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои таъмин кардани чунин кӯмаки дутарафа ба дигар кишварҳои дахлдор дар минтақа низ изҳор менамояд.  

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.