2-юмин Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ
Ба муносибати дуюмин Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 18 ва 19 майи соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо иштироки шахсӣ баргузор гардид, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ муҳимияти стратегии густурда, мавриднокӣ ва тақвиятнокии муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ истиқбол карданд. Ҷонибҳо тарафдории муштарак ва қавии худро барои рушди минбаъдаи шарикии устувор, бисёрҷониба ва ояндабинона, ки дар асоси арзишҳои муштарак ва манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, тасдиқ намуданд. Иштирокчиён ҷараёни иҷрои се самти афзалиятноки якумин Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки шахсӣ, ки 5 ноябри соли 2021 дар Қирғизистон, ш. Бишкек баргузор шуд, баррасӣ намуда, азми худро барои идомаи ҳамкориҳои муштарак дар самти дигаргунсозии иқтисоди Осиёи Марказӣ, бо таваҷҷуҳи хоса ба беҳтар намудани муҳити тиҷорат, гузаришҳои сабз ва рақамӣ, ва равобити тиҷоративу иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро таъкид карданд. Мувофиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва пас аз муаррифии Дарвозаи ҷаҳонии (Global Gateway) Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021, пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди сармоягузории оқилона ба инфрасохтори босифат бо риояи стандартҳои баландтарини иҷтимоӣ ва экологӣ – ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамбастагии устувор ва ба боварӣ асосёфта ҳадафҳои муштараки Осиёи Марказии обод ва амнро дастгирӣ мекунад.
Бо ин мақсад иштирокчиён:
- Аҳамияти доимии геополитикӣ ва стратегии Форумро ҳамчун платформаи минтақавӣ барои муколамаи иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ истиқбол карданд.
- Кӯмаки Форумро дар наздиктар сохтани равобити иқтисодӣ ва пешбурди рушди фарогир ва устувор тавассути гуногунсозии минбаъдаи иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, густариши савдои дохилӣ ва байниминтақавӣ, пешбурди волоияти қонун ва таҳкими заминаи меъёрӣ қайд карданд.
- Ӯҳдадориҳои доимии худро оид ба риояи Оинномаи СММ ва унсурҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳои аъзои СММ изҳор намуданд.
- Ба мувофиқа расиданд, ки саъю кӯшиш бояд аз ҷумла ба пешбурди устувории экологӣ ва иҷтимоӣ, рафъи монеаҳои тиҷоратӣ ва мусоидат ба фарогирӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, суръат бахшидан ба ҳамгироӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва таъмини фазои баробар барои соҳибкорон равона шуда бошад. Қисмати “бизнес-ба-бизнес”-и Форум дар пешбурди муносибатҳои тиҷоратӣ савдо ва сармоягузорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ махсусан истиқбол карда шуд.
Дар бораи сохтани муҳити осоишта ва ҷолиби тиҷорат ва сармоягузорӣ тарафҳо:
- Тадқиқотҳои аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо таҳияшударо оид ба фазои соҳибкорӣ баррасӣ карданд ва инчунин аз пешрафт дар Осиёи Марказӣ дар беҳбуди он истиқбол карданд.
- Муҳимияти таваҷҷуҳ ба гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ таҳти машварати зич бо доираи соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба самти ривоҷи иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва беҳбуди ҳамгироии онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, тавассути таъмини мутобиқат бо сатҳи олитарини меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, махсусан дар соҳаҳои андозбандӣ, эътимоди ҳуқуқӣ ва кам кардани расмиятпарастӣ, қайд карданд.
- Саҳме, ки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ метавонад ба шукуфоии минтақа, инчунин тавассути Созишномаҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда, ки ба татбиқи ислоҳоти босифат аз ҷиҳати моддӣ мусоидат менамоянд, истиқбол карданд.
- Нақшаҳои Иттиҳоди Аврупоро нисбати барномаи ояндаи рушди иқтисодӣ оид ба идомаи баланд бардоштани рақобатпазирӣ, муҳити соҳибкорӣ, инчунин савдои байналмилалӣ ва дохилиминтақавӣ дар Осиёи Марказиро қайд намуданд.
- Муҳимияти сафарбар намудани амалҳои инноватсионии ҷалби сармояи хусусиро эътироф намуда, аз ин рӯ, аз эълони схемаҳои нави кафолати Иттиҳоди Аврупо барои рушди бахши сармоягузорӣ ва хусусӣ дар доираи Хазинаи Аврупоии рушди устувор истиқбол карданд.
- Аз нияти эълоншудаи Бонки сармоягузории Аврупо оид ба вусъати ҳузури худ дар минтақа истиқбол карданд, ки он имкон медиҳад фаъолиятҳо ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ афзоиш ёбанд, ин ба беҳтар намудани ҳамкориҳо дар ҷойҳо ба роҳ монда, ба пайвастагии устувор ва гузариш ба модели рушди устувор ва бетараф аз иқлим мутобиқи афзалиятҳои Дарвозаи ҷаҳонии (Global Gateway) Иттиҳоди Аврупо, мусоидат мекунад.
Дар бораи гузаришҳои сабз ва рақамӣ тарафҳо:
- Бо эътирофи пурраи оқибатҳои тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, зарурати таҳия ва қабули сиёсатҳое, ки гузариш ба иқтисодиёти партовҳои сифрро таъмин мекунанд, аз ҷумла тавассути сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тавассути рушди савдои дохилиминтақавии қувваи барқии тавлидшавандаи устуворқайд карданд.
- Дастгирии доимӣ ба Ташаббуси минтақавии Тими Аврупо оид ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим, ки ҳадафаш дастгирии кӯшишҳои шарикони Осиёи Марказӣ барои истифодаи пурраи нерӯи офтоб, шамол ва обӣ мебошад, изҳор карданд.
- Аҳамияти корҳои муштарак оид ба тағирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои об ва ҳифзи гуногунии биологӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои мубориза бо хатарҳои экологӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин оқибатҳои талафоти оби баҳри Арал таъкид намуданд.
- Ба муколамаи васеътари байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба таъмини амнияти обу энергетикӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, таъмини субот ва устувории бозорҳои минтақавии энергетикӣ ва дастгирии мутақобилан рушди иқтисодӣ, аз ҷумла тавассути рушди масирҳои алтернативии таъмини энергия мусоидат мекунад, даъват карданд. Муҳимияти барномаҳои муштараки минтақавиро дар ин соҳа таъкид намуданд.
- Аз нияти Иттиҳоди Аврупо дар доираи Ташаббуси Тими Аврупо оид ба ҳамбастагии рақамӣ барои кор дар самти коҳиш додани нобаробарии рақамӣ ва таъмини фарохмаҷрои баланд тавассути ҷорӣ намудани шабакаҳои алоқаи моҳвораӣ истиқбол намуда, роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар ин заминаро истиқбол карданд.
- Зарурати таҳия ва қабули тадбирҳое, ки ба мубодилаи технологӣ байни минтақаҳо мусоидат мекунанд, пеш аз ҳама дар соҳаи рақамикунонӣ бо чораҳои мулоим ва ҷисмонии инфрасохториро барои дастгирии ин равандҳо эътироф карданд.
Дар бораи вусъат додани савдо ва ҳамбастагӣ, тарафҳо:
- Манфиат дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эътироф намуда, инчунин манфиати он давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки барои Низоми умумии имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP) мувофиқат доранд, барои идомаи баҳрабардорӣ аз имтиёзҳо (GSP) ё Низоми махсуси имтиёзҳо барои рушди устувор ва идоракунии самаранок (GSP+), ки дастрасии имтиёзнокро ба бозори Иттиҳоди Аврупо медиҳанд, савдои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ривоҷ дода, ба рушди устувор ва идоракунии муносиб мусоидат мекунад.
- Оиди ҷустуҷӯи имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ашёҳои хоми муҳим ба тавофуқ расиданд.
- Зарурати кори муштараки амиқи ҳукуматҳо дар чаҳорчӯби стратегияи Дарвозаи ҷаҳонии (Global Gateway) Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди пайвастагии оқилона, тоза ва бехатар эътироф карданд.
- Аҳамияти рушди иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро таъкид намуда, аз муаррифии натиҷаҳои асосии Тадқиқоти аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда оид ба долонҳои нақлиётии устувор байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд анҷом дода шудааст, истиқбол карданд. Ин роҳҳои таъмини амалҳои аниқро барои беҳтар кардани инфрасохтори мавҷуда ва муҳити танзимкунанда пешниҳод намуда, интишори гузориши ниҳоии Тадқиқот дар моҳи июн барои баррасии муфассали он дар назар аст.
- Ба ислоҳоти минбаъдаи долонҳои нақлиётии дохилии Осиёи Марказӣ барои бунёди меъмории нави ҷараёни нақлиёт дар формати минтақавӣ даъват карданд ва афзалияти мувофиқа кардани харитаи роҳ барои ҷалби сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ бо ҷалби фаъоли иқтидори молиявии шарикони давлатию хусусии аврупоиро қайд намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дастовардҳои самтҳои афзалиятнок ба даст омадаро мунтазам ҷамъбаст кунанд ва изҳори умедворӣ карданд, ки Форуми навбатии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2025 ташкил карда шавад.