Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои кормандони идораҳои нохиявӣ оиди барномаҳои қонунгузорӣ тренинг мегузаронад
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шаванда «Кўмаки техникӣ барои мусоидат ба ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» дар таърихи 25 ноябри 2019 барои омӯзиши кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа даври чоруми семинари якҳафтаинаро барои кормандони (тренерон) ноҳиявӣ ва вилоятӣ оғоз намуданд. Барномаи мазкур барои таълими кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа» буда, кормандонро аз 68 раёсату шуъбаҳои Агентӣ аз шаҳру ноҳияҳои гуногун фаро мегирад. Дар ҳафтаи ҷорӣ 30 нафар кормандон аз раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВКМБ барои омўзиш ба раёсати Агентии шаҳри Хоруғ даъват шуданд. Дар асоси барномаи мазкур 146 мутахассисони раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар давоми 7 моҳи охир ба курси омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Иттиҳоди Аврупо бо Агентӣ зиеда аз 10 сол ҳамкорӣ намуда, ба Агентӣ дар самтҳои гузаронидани семинарҳо оид ба рушди иқтидори кадрӣ ва омўзонидани кормандон кӯмак менамояд. Барномаҳои мукаммали нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва рушди инсонии Тоҷикистон мусоидат менамоянд ва аз ин ҷост, ки Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, қисми муҳими Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II аст, ки дар соли 2014 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расидааст.
Семинарҳои кормандон як ҳафта идома ёфта, аз ҷониби 6 нафар мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ омўзонида мешаванд ва мутахассисон дар давоми ҳафта метавонанд ба саволҳо ҷавоб диҳанд ё муҳокима кунанд. Ба тренерон маводи таълимӣ дар мавзӯҳои баланд бардоштани воқифии кормандон аз қонунгузории соҳа, масъалаҳои тарҳрезии буҷет, масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити дохилӣ дастрас карда мешаванд.
Ин семинар қисми фаъолияти барномаи баланд бардоштани иктидори кормандон мебошад , ки бо ҳамкории Лоиҳа ва Агентӣ ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта Лоиҳаи мазкур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тренинги актуарӣ оғоз намуданд. Инчунинин, бо кӯшиши якҷояи байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (АСИН) ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо системаи нави электронии идоракунии иттилоотии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида буд ва барои интиқол додани маълумот ва иттилоот аз усули истифодаи коғаз ва сабти электронӣ ба системаи сабти иттилоотии автоматикӣ ва системаи коркарди нав (СИИ) барои кормандон тренингҳо гузаронида шудаанд ва системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ тӯли 7 моҳ дар соли 2019 дар раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб амалӣ гардид. Инчунин, дар соли гузашта, дар доираи Лоиҳа мутахассисон оид ба интиқоли маълумот ва иттилооти системаи бақайдгирии кӯҳна ба системаи нави СИИ АСИН тайёр карда шуда барои корфармоён ва корбарони система семинар баргузор карда шуд.
Барои дастрасии иттилои бештар дар бораи Лоиҳа метавонед бо: Фарангис Зияева, мушовири Лоиҳа оид ба гузаронидани семинарҳо (+992) 987888555 ё почтаи электронии fziyaeva@gmail.com тамос гиред.