Барномаи Ready4Trade дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, НИЗОМИ НАВИ ЗУД-КОРКАРД-ро барои беҳтар намудани савдои марзӣ дастгирӣ менамояд

24.09.2020

Низомномаи нав дар Тоҷикистон, ки бо мусоидати лоиҳаи Ready4Trade Central Asia таҳия ва роҳандозӣ шуд, тартибу муқаррароти мавҷудаи тиҷорати хориҷиро осонтар мегардонад.

Woman with a honeycomb

Ба бемории фарогири COVID-19 ва таъсири он ба тиҷорат нигоҳ накарда, Тоҷикистон барои аз миён бардоштани монеаҳои танзимотӣ дар тиҷорати хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ мебардорад. Содироту воридоти мол дар кишвар ба зудӣ мисли навишти ҳарфи алиф осон мешавад. Сар карда аз моҳи августи соли ҷорӣ, ширкатҳо метавонанд тавассути механизми наве барои гирифтани мақоми “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ” (ТВИ) ба мақомоти марбута муроҷиат намоянд. Ҳадаф аз роҳандозии ин низомномаи нави соддагардонии савдо тақвияти таъмини амнияти занҷираҳои байналмилалии доду гирифт ва танзими тиҷорати қонунӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Тағйироти нав, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон ворид шудааст, ба ширкатҳо имкон медиҳад, то барои ворид шудан ба феҳристи Танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дархост фиристанд. Ширкатҳо ба як қатор меъёрҳое, ки бозгӯи коргузорӣ ва тиҷорати шаффофу боварибахши онҳо мебошад, бояд мутобиқ бошанд. Қоидаи нави соддагардонии содироту воридот ва транзит дар Тоҷикистон ҷузви ӯҳдадориҳои кишвар дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар самти соддагардонии расмиёти савдо буда, ба мутобиқ гардидани кишвар ба Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мусоидат мекунад. Хадамоти гумруки Тоҷикистон механизми нави ТВИ-ро дар ҳамкории наздик бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Ready4Trade-Central Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳия кардааст.

Мақоми ТВИба ширкатҳо дар ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ дастрасии афзалиятнок медиҳад. Ҳарчанд онҳо бояд ҳамон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намоянд, ки дигарон месупоранд, вале доштани ин мақом имкон медиҳад, то ширкатҳо расмиёти гумрукиро бе супурдани маблағи изофӣ ва сареътар гузаранд. Доштани чунин мақом ҳамчунин имкон медиҳад, то ширкатҳо интихоб намоянд, ки барасмиятдарории гумрукиро дар анборҳои худашон гузаранд ва ё дар фазои боз.

Пйер Бонтоно, мушовири МТБ доир ба соддагардонии савдо, мегӯяд: “Муқаррароти нав вақт ва хароҷоти  ҳар ширкати дорои мақоми ТВИ-ро ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ коҳиш медиҳад. Низомномаи нав ба ширкатҳои хурду миёнаи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ашёи хом ва дастгоҳу таҷҳизотро сареътару осонтар ворид кунанд ва маҳсулоташонро низ ҳамин гуна, зудтару осонтар содир намуда, ба ин восита, дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ рақобатпазиртар гарданд”.

Three men working on a mountain of cotton

Хадамоти гумруки Тоҷикистон масъули додани мақом, бекор кардан, бозхондан ва амали шаҳодатномаи ТВИ мебошад. Ёрии МТБ аз мусоидат ба Хадамоти гумрук дар таҳияи равандҳои дурусти қонунӣ барои дарёфти мақоми ТВИ ва омӯзиши намояндагони бахши хусусиву кормандони гумрук ҷиҳати роҳандозии бемамониати қоидаи нав иборат буд.

Тавре намояндаи Хадамоти гумрук мегӯяд: “Мо шод ҳастем, ки ба доираҳои соҳибкории Тоҷикистону хориҷа хидматрасониҳои наву пешрафта пешниҳод мекунем. Тақвият ва ба замона мутобиқ кардани хидматрасониҳои гумрукии мо дар таҳрики рушди иқтисодӣ дар кишварамон нақши калидиро мебозад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамкоронамон дар МТБ ва ИА барои мусоидаташон дар таҳияи қоидаи нав ибрози сипос менамоям”.

Роҳбари Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, сафир Мэрилин Йосефсон аз қабули кодекси нав истиқбол намуда арз кард: «Мусоидат намудан ба тиҷорати наздисарҳадӣ ва осон кардани коркарди гумрукӣ барои операторони тиҷоратии хурду миёнаи тиҷоратӣ барои иштирок доштан дар тиҷорати минтақавӣ ҳавасмандгардони муҳим мебошад, ҳаҷм ва даромадҳои савдоро зиёд менамояд ва навоварӣ месозад. ”

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ‘Ready4Trade Central Asia’, Иттиҳоди Аврупо ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо тақвияти тиҷорати минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ муштаракан дар субот ва фарогирии рушди иқтисодӣ дар минтақа саҳм мегузоранд. Ин лоиҳа ба ҳукуматҳо, соҳибкории хурду миёна, махсусан, ширкатҳое, ки сарварашон зан аст, ва ниҳодҳои пуштибони тиҷорат кумак мерасонад. Лоиҳа дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.