Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо системаи рақамии нақлиётӣ дар Тоҷикистон ба кор дароварда шуд

Ин навовариҳо раванди гирифтани иҷозатномаҳои нақлиётиро соддатар, зудтар ва шаффофтар гардонда, сатҳи амнияти хизматрасониҳои нақлиётиро баланд мебардоранд.

 

Дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон системаи нави иҷозатномаҳои электронӣ (e-Permit) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор дароварда шуданд. Ин навовариҳо раванди гирифтани иҷозатномаҳои нақлиётиро соддатар, зудтар ва шаффофтар гардонда, сатҳи амнияти хизматрасониҳои нақлиётиро баланд мебардоранд.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома оид ба мубодилаи иҷозатномаҳои электронӣ (ePermit)-ро ба имзо расониданд. Аллакай дар рӯзҳои аввал пас аз оғози система, Тоҷикистон аввалин 100 иҷозатномаи электрониро ба Ӯзбекистон тавассути платформаи нав ирсол намуд.

Система дар доираи барномаи рушди иқтидори Долони нақлиётии Транскаспий (TCTC), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон ҳаммаблағгузорӣ гардида, аз ҷониби GIZ амалӣ мешавад, такмил дода шудааст. Он ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити муосир ва бехатарро барои:
• пешниҳоди дархостҳои бастагӣ;
• идоракунии тақсимоти иҷозатномаҳо;
• анҷом додани пардохтҳо ба таври самаранок ва шаффоф фароҳам меорад.

Платформаи мутамаркази пардохт бо низомҳои бонкӣ ва пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро буда, санҷиши фаврӣ, муқоисаи автоматикӣ ва пайгирии пурраи амалиётҳои молиявиро таъмин мекунад. Ҳамзамон, тадбирҳои боэътимоди ҳифзи маълумот амнияти система ва корбаронро таъмин менамоянд.

Бо ҷорӣ гардидани система, вақти дарёфти иҷозатномаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Қадамҳои минбаъда ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва густариши истифодаи система дар саросари Тоҷикистон ва минтақа равона хоҳанд шуд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: 
Шаҳноза Каҳорова: (+992) 987 601 191, shahnoza.kakhorova@giz.de
Ҷибек Абилбекова: (+996) 220 068 969, zhibek.abylbekova@giz.de