Дар Тоҷикистон ҷаласаи ниҳоии Кумитаи роҳбарикунандаи марҳилаи 7-уми Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ (CADAP) баргузор гардид

Дар ҷаласаи чорум ва ниҳоии Кумитаи роҳбарикунандаи марҳилаи 7-уми Барномаи мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, намояндагони агентиҳои миллии баҳрагирандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаовар ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои асосии Барнома, нақшаҳо барои оянда, таҷрибаҳои бомуваффақият ва дарсҳои омӯхта, инчунин муколамаи созандаи касбӣ ва муҳокимаҳои панелӣ байни коршиносон ва баҳрагирандагони кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Ҷаноби Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, қайд намуд: “Иттиҳоди Аврупо дар муддати тӯлонӣ Осиёи Марказиро тавассути ташаббусҳо, аз қабили CADAP ва BOMCA дастгирӣ намудааст, ки дар бахшҳои амнияти сарҳадӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва системаҳои тандурустӣ натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд. Аммо, бо рушди шабакаҳои ҷиноӣ ва таҳдиди маводи мухаддири синтетикӣ, вокуниши мо бояд бо аҳамияти махсус ба табодули иттилоот, навоварӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мутобиқат шавад. Мо ба равиши мутавозин боварӣ дорем, ки саломатии ҷамъиятӣ, ҳуқуқи инсон ва устувории иҷтимоиро ба назар мегирад. Нашъамандӣ на танҳо як масъалаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки як мушкилии иҷтимоӣ аст. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон ҷонибдори дастгирии табобати дастрас, пешгирӣ ва ҷалби ҷомеа, махсусан барои ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир мебошад. Мубориза бо маводи мухаддир эътимод, шаффофият ва ҳамбастагӣ талаб мекунад ва Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки шарики содиқи Осиёи Марказӣ дар бунёди ояндаи бехатар, солимтар ва устувортар аст”.
Ҷаноби Соҳибзода Хисрав, Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт: “Барномаи CADAP дар тӯли зиёда аз бист сол яке аз воситаҳои асосии дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бо таҳдидҳои маводи мухаддир, таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон мебошад. Махсусан муҳим он аст, ки CADAP на танҳо ба табодули иттилоот, балки барои ҳалли мушкилоти мураккаби ҳам ҷанбаҳои миллӣ, ҳам минтақавӣ ва ҳам фаромиллӣ имкон медиҳад. CADAP сазоворона шарики устувори минтақаи мо ба ҳисоб меравад. Ба шарофати ин иқдом кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд таҳкими механизмҳои миллӣ, такмили заминаи қонунгузорӣ, ҷорӣ кардани равишҳои муосир дар пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ, тавсеаи захираҳои кадрии муассисаҳои махсусро ба роҳ монанд”.
EU CADAP, 2025
Ҷаноби Луис Франсиско Мартинес Монтес, Сафири Испания дар Тоҷикистон, иштироки ҳайати ҳукуматии Нақшаи миллии маводи мухаддирро таъкид кард. Ӯ қайд намуд: “CADAP дар наздик шудани Осиёи Марказӣ ба ниҳодҳои аврупоӣ нақши калидӣ бозид”.
Барномаи CADAP шарики деринаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад. Марҳилаи 7-уми он фаъолиятҳои гуногун, аз қабили кӯмаки техникӣ дар таҳияи харитаи роҳ барои таҳкими сиёсати миллӣ оид ба мониторинг, пешгирӣ ва табобат, кӯмак дар таҳия, санҷиш ва татбиқи барномаҳои омӯзишии пешгирикунанда, таҳияи харитаи роҳ барои беҳтар кардани ҷамъоварии маълумот ва омода кардани ҳисоботи миллӣ оид ба системаҳои огоҳсозии пешакиро дар бар гирифт.
То имрӯз, пас аз 5 соли татбиқи Марҳилаи 7-уми барномаи CADAP дар Тоҷикистон:
- CADAP 7 муколамаи сиёсати миллиро тақвият дод, ки ба таҳияи сиёсатҳо, стратегияҳо ва нақшаҳои мутавозинтари маводи мухаддир мусоидат кард;
- CADAP 7 иқтидори техникӣ ва институтсионалиро баланд бардошта, ҳамкориҳои минтақавӣ ва табодули таҷрибаро вусъат дод ва механизмҳои огоҳкунии пешакӣ оид ба моддаҳои нави психоактивӣ тавассути таҳияи таҳқиқоти эпидемиологӣ, роҳнамо ва ҳисоботҳо таҳким намуд;
- CADAP 7 ба рушди ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи пешгирии ибтидоӣ тавассути ташаббусҳои ҷомеа мусоидат намуд;
- CADAP 7 Барномаи табобатӣ барои шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ барои кормандони соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протокол дар бораи ҳамкории кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба шахсоне, ки маводи мухаддирро дар системаи ислоҳӣ истифода мебаранд, таҳия намуд.