Изҳорот бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо

Ҳар субҳ дар саросари ҷаҳон миллионҳо амалҳои хурду ноаён шаъну шарафи инсонро бесадо ҳифз мекунанд. Духтаре, ки бо дилпурӣ ба мактаб меравад, зеро ҷомеаи ӯ амнияташро муҳофизат мекунад; донишҷӯе, ки таҳсилро идома медиҳад ҳатто вақте ки ин фаъолият маҳкум ё манъ карда мешавад; ҷабрдидаи зӯроварӣ, ки бар зидди он сухан мегӯяд ва дастгирӣ меёбад; рӯзноманигоре, ки ҷони худро барои гуфтани ҳақиқат зери хатар мегузорад. Инҳо имову ишораҳои бузург нестанд - инҳо интихоби ҳаррӯзаанд, ки аксар вақт дар ҳолати тарс ё номуайянӣ карда мешаванд. Якҷоя ин интихобҳои ҳаррӯза ӯҳдадории муштараки моро ба ҳуқуқи инсон тақвият медиҳанд. 

Ҳуқуқи инсон на танҳо ӯҳдадориҳои ҳуқуқие мебошанд, ки дар эъломияҳои байналмилалӣ муқаррар шудаанд. Ҳуқуқи инсон дар ҳаёти ҳаррӯза, яъне дар синфхонаҳо, ҷойҳои корӣ, хидматрасонии давлатӣ ва фазои маҷозӣ татбиқ, эҳсос ва аксар вақт озмуда мешаванд. Онҳо тарзи баён, ибодат, ташкил, муҳаббат ва иштироки моро дар ҷомеаҳоямон ҳар рӯз ҳимоя мекунанд. Онҳо ба ҳама ва дар ҳама ҷо тааллуқ доранд.

Якҷоя мо бо фишорҳои афзоянда - аз маълумоти бардурӯғ ва заъифшавии демократия то табъиз, нобаробарӣ ва оқибатҳои даҳшатноки ҷанг - рӯ ба рӯ мешавем. Дар бисёр қисматҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Украина ва гирду атрофи Иттиҳоди Аврупо, миллионҳо шаҳрвандон барои зинда мондан дар муқобили таҷовуз талош доранд. 

Дар чунин лаҳзаҳо, мафҳуми "ҳуқуқҳои ҳаррӯзаи инсон" боз ҳам муҳимтар мегардад. Он ба мо ёдрас мекунад, ки ҳуқуқҳо худ ба худ таъмин карда намешаванд; онҳо ба таваҷҷӯҳи доимӣ, ҷасорат, ҳамбастагӣ ва пуштибонӣ ниёз доранд. Ҳимояи ҳуқуқи инсон вазифаи ҳамаи давлатҳост, ки ба ҳар яки мо имкон медиҳад, ки онҳоро тавассути амалҳоямон, қарорҳоямон ва эҳтиром, ки ба дигарон нишон медиҳем, татбиқ намоем.

Дар ин Рӯзи ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо дар ӯҳдадории худ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар дохили марзҳои худ ва дар кишварҳои хориҷӣ ва таъмини сулҳ, ҳақиқат, адолат ва ҷавобгарӣ устувор боқӣ мемонад. Он инчунин пуштибонии тағйирнопазирии худро аз Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳамаи шарикони худ дар саросари ҷаҳон таъкид намуда, ҳамаи давлатҳоро ба риоя ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар соҳаи ҳуқуқи инсон даъват менамояд. Имсол инчунин 25-умин солгарди Оинномаи ҳуқуқҳои асосии Иттиҳоди Аврупо таҷлил мегардад.

Имрӯз мо шахсони бешумореро, ки амалҳои ҳаррӯзаи онҳо ин ҳуқуқҳоро воқеӣ мегардонанд, истиқбол мекунем. Ҳикояҳои онҳо ба мо ёдрас месозад, ки пешрафт танҳо дар додгоҳҳо ё парлумонҳо ба амал намеояд - он ҳангоме интихоб шудани ҳамдардӣ ба ҷойи бетафовутӣ, адолат ба ҷойи роҳат, ҷасорат ба ҷоии хомӯшӣ ва шаъну шараф ба ҷойи тафриқа сурат мегирад.

Биёед ҳуқуқҳои умумиҷаҳоние, ки моро муҳофизат мекунанд, қадр намоем ва ҳуқуқҳое, ки дигаронро муҳофизат мекунанд, ҳимоя кунем. Ва биёед бунёди ҷаҳоне, ки дар он ҳуқуқи инсон ҳар рӯз ва барои ҳама риоя мешаванд, идома диҳем.

Анитта Ҳиппер,
Саркотиби матбуот
Anitta.HIPPER@ec.europa.eu
+32 2 29 85691
+32 460 76 14 21