Иттиҳоди Аврупо ба ҷабрдидагони муноқишаи марзӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон кӯмак мерасонад

24.10.2022
Бишкек/Душанбе
Press and information team of the Delegation to TAJIKISTAN

Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати эътино ба муноқишаи мусаллаҳона, ки дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нимаи моҳи сентябр рух дод, ба маблағи беш аз 270 000 евро кӯмаки башардӯстона пешниҳод менамояд.

Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати эътино ба муноқишаи мусаллаҳона, ки дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нимаи моҳи сентябр рух дод, ба маблағи беш аз 270 000 евро кӯмаки башардӯстона пешниҳод менамояд. Кӯмаки мазкур барои дастгирии тақрибан 12 000 нафар дар бархе аз манотиқи аз ҳама осебдида дар вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд, инчунин водии Рашт ва ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда хоҳад шуд.

Маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тариқи Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Қирғизистон (ҶҲАҚ) ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷиҳати тақсими грантҳои нақдӣ бо мақсади дастгирии оилаҳои осебдида дар ҳарду кишвар, бахусус онҳое, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, пешниҳод карда мешавад. Ҷомеаҳои осебдида инчунин тавассути фаъолият ва маводҳои дигар, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба таблиғи саломатӣ ва беҳдошт, маводҳои гигиенӣ ва кӯмаки равонӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Маблағгузории мазкур дар доираи саҳми умумии ИА ба Хазинаи кӯмаки таъҷилӣ дар ҳолати офатҳо (DREF)-и Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар (IFRC) ва инчунин Барномаи шарикӣ бо IFRC барои пешниҳоди кӯмаки муассир ва суроғавӣ дар сатҳи маҳал ба ҷамоатҳои ниёзманд пешниҳод карда мешавад.

Дар натиҷаи баҳс вобаста ба дастрасӣ ба об, роҳ ва чарогоҳҳо, ки дар марзи баҳсбарангез санаи 14 сентябр ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар кушта ва беш аз 150 000 нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои шадиди дурӯзаи миёни нерӯҳои қирғизу тоҷик инчунин садҳо манзил, иншооти ҷамъиятӣ ва инфрасохтор ҳисорот дида, шумораи бисёри мардум манзил, амвол, маводи ғизоӣ ва манобеъи зиндагии худро аз даст доданд.

 

Замина - кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд.

Ҳар сол Комиссияи Аврупо тавассути Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ (ECHO) ба беш аз 120 миллион қурбониёни офатҳои табиӣ ва ҷангҳо кӯмак мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед аз сомонаи ECHO  боздид намоед.

Байни Комиссияи Аврупо ва ФБСС созишномаи саҳм ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад.  Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои "хурд" истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода DREF соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи саҳме, ки байни ФБСС ва ECHO ба имзо расидааст, ба ECHO имкон медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулодаро умуман то 3 миллион евро пур карда, ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд (ин ба оинномаи ин созмон оиди кӯмакрасонии башардӯстона мувофиқ аст).

Питер Биро (peter.biro@echofield.eu)

Корманд оид ба иттилоот барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Комиссияи Аврупо, Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ ("ECHO").