Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон анҷоми сохтмони инфрасохтори дарозмуддатро барои таъмини бехатарии об дар Истиқлол ҷашн мегиранд
Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз анҷоми бомуваффақияти ду қубури обгузари навсохташуда дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ҷашн гирифтанд, ки ин як марҳилаи муҳим дар доираи ӯҳдадории деринаи Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани бехатарии экологӣ ва ҳалли мушкилоти мероси истихроҷи уран дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва шарикони байналмилалӣ, ки аз ин ташаббус пуштибонӣ карданд, дар маросими ифтитоҳ дар Истиқлол ширкат варзиданд.
EU, ISTC, 2025
Хонум Изабел Урис Эрнандес, Роҳбари шӯъбаи ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳӣ дастгирии доимии Иттиҳоди Аврупоро барои Тоҷикистон таъкид намуд: "Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки аз ин лоиҳаи муҳим дар Истиқлол пуштибонӣ мекунад. Баррасии мероси экологии истихроҷи урани гузашта масъулияти муштарак аст ва дастоварди имрӯза ӯҳдадории моро барои таъмини амният, устуворӣ ва некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон инъикос мекунад".
Ҷ-би Азиз Назар, Муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, аҳамияти ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо қайд намуд: "Ин лоиҳа як қадами муҳим барои мардуми Истиқлол аст. Мо аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии мустаҳкаме, ки ин натиҷаро имконпазир сохт, хеле миннатдорем".
EU, ISTC, 2025
Ҷ-би Қаюм Маҳмудзода, Раиси Истиқлол, таъкид намуд, ки ин қубурҳо ба сокинон таъсири мусбати фаврӣ хоҳанд расонд: "Ин қубурҳои нав барои ҷомеаи мо тағйироти фаврӣ ва назаррас хоҳанд буд. Бори аввал мо метавонем ба системаи бехатаре такя кунем, ки маҳаллаҳои моро аз оби ифлосшуда муҳофизат мекунад ва ҷараёни доимии оби чашмаи тозаро барои истифодаи ҳаррӯза таъмин мекунад. Ин лоиҳа ба мо ва оилаҳои маҳаллӣ эътимод ба ояндаи солимтар ва бехатартар медиҳад".
Ин инфрасохтор аз ҷониби Маркази байналмилалии илм ва технология (ISTC) амалӣ карда шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдори миллиро дар асоси асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муҳандисии пешниҳодшуда аз ҷониби G.E.O.S. Ingenieurgesellschaft mbH ҳамоҳанг сохт.
Қубурҳои нав роҳи ҳалли устувор ва дарозмуддати мушкилоти оби ифлосшуда, ки аз конҳои собиқи уран ҷорӣ мешуд, таъмин мекунанд. Ин об тавассути тарқишҳо дар қабатҳои геологӣ ҳаракат мекард ва баъзан ба минтақаҳои истиқоматӣ ворид мешуд, ки барои муҳити зист ва саломатии аҳолӣ хатарнок буд. Лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда ҷараёни обро аз минтақаҳои аҳолинишин бехатар ба самти дигар равона намуда, хатарҳоро барои ҷамоатҳои маҳаллӣ коҳиш дод ва ҳифзи дарозмуддати муҳити зистро мусоидат намуд. Ҳоло қубури дуюм сокинонро бо оби тоза, ки мустақиман аз кӯҳҳо сарчашма мегирад, таъмин мекунад.
Иттиҳоди Аврупо беш аз даҳ сол Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳалли таъсири амалиётҳои собиқи истихроҷи уран ба муҳити зист ва саломатӣ дастгирӣ мекунад. Қубурҳои анҷомёфта сармоягузории калидӣ дар доираи ин барнома буда, роҳи ҳалли амалӣ ва камхарҷро, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шудааст, пешниҳод мекунанд.
МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС
Маркази байналмилалии илм ва технология (ISTC)
Ҷордан Обри — Муоширати стратегӣ / obry@istc.int / +7 708 016 2014