Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон барои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва бо мақсади бунёди устуворӣ ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

Омӯзиш сиёсатмадорон, мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро барои табодули дониш ва таҳкими ҳамкорӣ дар вокуниш ба таҳдидҳои таҳаввулёфтаи бунёдгароӣ (радикализатсия) ва ифротгароии хушунатомез ҷамъ овард.
"Ифротгароии хушунатомез мафҳуми хаёлӣ нест. Ин як таҳдиди глобалии бо оқибатҳои амиқи маҳаллӣ буда, падидаест, ки ба сулҳ халал мерасонад, ҷомеаҳоро аз ҳам ҷудо мекунад ва ба татбиқи иқтидори инсонӣ ва рушди ҷомеаҳо монеъ мешавад. Иттиҳоди Аврупо ба кори муштарак бо Тоҷикистон барои Осиёи Марказии бехатар, устувор ва фарогир ӯҳдадор боқӣ мемонад. Дар ин ҷо мо на танҳо шарикони амният, балки шарикони сулҳ ҳастем”, - гуфт Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо ва Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. "Ман бо камоли хушнудӣ бори дигар қайд мекунам, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оиди ин хатарҳо фаҳмиши муштарак доранд ва барои рафъи онҳо якҷоя ҳамкорӣ мекунанд".

European Union, 2025
Эҷоди устуворӣ тавассути мубодилаи дониш
Семинар мушкилоти кунуниро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, як қатор вокунишҳои сиёсиро омӯхтааст. Муҳокимаҳо дар бораи омилҳои ифротгароии хушунатомез, устувории ҷавонон, нақши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва чӣ гуна ҷудошавӣ, дерадикализатсия ва реинтегратсияи ҷангиёни хориҷии бозгашта бояд дастгири кард.
Иштирокчиён мавзӯъҳои асосии дар зер овардашуда баррасӣ кардаанд:
-
Онлайн-бунёдгароӣ (радикализатсия) ва нақши платформаҳои рақамӣ;
-
Ҳамкории фаромарзӣ барои дастгирии реинтегратсияи муҳоҷирони корӣ;
-
Таҳияи ақидаҳои муқобили таъсирбахш.
Тадқиқоти мавзӯии байналмилалӣ ба гузарондани мусоҳиба дар заминаи мувофиқ мусоидат кард. Маърӯзачиён дарсҳои Индонезияро оид ба пешгирии бунёдгароӣ (радикализатсия) дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аз Босния ва Ҳерсеговина оид ба чораҳои пешгирикунанда дар сатҳи ҷомеа нақл карданд.
Машқҳои амалӣ ва муколамаи байниидоравӣ
Семинар машқҳои интерактивӣ дар гурӯҳҳо дар бар гирифта, ба иштирокчиён имкон дод, ки стратегияҳои пешгириро дар мисолҳои маҳаллӣ татбиқ кунанд. Дар доираи ҷаласаҳо аҳамияти ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дастгирии доимии Иттиҳоди Аврупо ба чаҳорчӯби сиёсӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва таҳкими иқтидор таъкид карда шуд.
Бо пешбурди равише, ки тамоми ҷомеаро дар бар мегирад, омӯзиш арзиши шарикии маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро тақвият дод. Он як қисми ҳамкории васеътари Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои дастгирии амният, субот ва устуворӣ ташкил медиҳад.
Барои маълумоти муфассал лутфан ба хонум Татяна Ромон, Менеҷери Барномавии Комиссияи Аврупо (tatiana.romon@ec.europa.eu) ва ҷаноби Балаж Ҷимеси, Менеҷери коммуникатсия (balazs.gyimesi@rusi.org, +32 2 315 36 34) муроҷиат кунед.