Лабораторияи Расонавии Иннватсионии Минтақавӣ “STORYCRAFT 2020 – Месозем. Мебозем. Меҷалбем”
Internews аз 8 то 12 июни соли 2020 Лабораторияи минтақавии инноватсионии "STORYCRAFT 2020 - Месозем. Мебозем. Меҷалбем» (Лаборатория) баргузор менамояд.
Лаборатория пойгоҳи эҷодӣ мебошад, ки барои таҳияи консепсияҳо барои ташаббусҳои муштараки васоити иттилоотии фаромарзӣ, ки ба сулҳ ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, фароҳам меорад. Лаборатория онлайн дар пойгоҳи Zoom бо пахши мустақим мастер-классҳо дар саҳифаи Facebook-и «Три точки». баргузор мегардад.
Ёздаҳ даста, беш аз 50 намояндагони ҷомеъаи расонаӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ барои сайқал додани лоиҳаҳои расонавии худ муттаҳид мешаванд, ва коршиносони даъватшуда дар нақли кисса (сторителлинг), бозиворидкунӣ (геймификация), истеҳсоли маводҳои расонавӣ ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
Иштирокчиёни Лаборатория инчунин метавонанд дониши худро дар самти инъикоси масоили низоъбарангез, аз ҷумла муқовимат ба ифротгароии хушунатомез қавӣ кунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои панҷ рӯзи корӣ, иштирокчиёни Лаборатория лоиҳаҳои худро ба ҳакамони мустақил пешниҳод мекунанд, ки он дар навбати худ чаҳор лоиҳаи актуалӣ, татбиқшаванда ва инноватсиониро интихоб хоҳанд кард, ва Internews ба ҳар як ғолиби Лаборатория грант дар ҳаҷми то 20 000 евро пешкаш менамояд.
Ҳамроҳ шавед ва намоишҳои мустақими семинарҳоро дар сафҳаи Facebook-и «Три точки» тамошо кунед:
8 июн, душанбе
- 11:30 - 12:30 бо вақти Бишкек, "Чӣ гуна механикаи бозӣ достонсароӣ мекунад" - Сергей Гимелрейх, геймдизайнер, продюсери бозӣ, асосгузори лоиҳаи “Индикатор” барои бозисозони ибтидоӣ.
- 12:45 - 13:45 Бишкек, "Ҳамдардии визуалӣ. Барои чи нақли қиссаро дар расм тасвир бояд кард?" - Полина Плавинская, рассом, тасвиргар, арт-директори дар нашриёти "Самокат".
9 июн, сешанбе
- 11:30 - 12:30 бо вақти Бишкек, «Нақли кисса: принсипҳои сохтани қисса» - Иван Печишев, директори «Иттиҳоди омӯзгорони расонаҳои нав».
- 12:45 - 14:00 Бишкек, «Драматургия ва продюсерӣ лоиҳаҳои нақлҳои рақамӣ» - Антон Уткин, коргардон ва ҳикоятгар, муаллифи аввалин филми интерактивии силсилавӣ дар Русия «Все сложно»
10 июн, чаҳошанбе
- 11:30 - 12:30 бо вақти Бишкек, "Навори ҳушманди шабакаҳои ичтимоӣ. Алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ тавр кор мекунанд "- Элнара Петрова, муассис ва директори “Агентии Маркетингии NextMedia”.
- 12:45 – 13:45 по Бишкеку, «От творческой идеи к бизнес-модели: о чем надо знать, чтобы зарабатывать в медиа» - Мария Горохова, эксперт по маркетингу, PR и рекламе; бизнес-тренер в медиаотрасли, автор обучающих программ; магистр маркетинга.
- 12:45 - 13:45 бо вақти Бишкек, "Аз ғояи эҷодӣ то модели бизнес: чизе, ки барои овардани фоида дар ВАО бояд донист" - Мария Горохова, коршиноси маркетинг, PR ва реклама; мураббии бизнес дар соҳаи ВАО, муаллифи барномаҳои таълимӣ; Магистри маркетинг.
Лабораторияи минтақавии инноватсионии "STORYCRAFT 2020 - Месозем. Мебозем. Меҷалбем” дар доираи лоиҳаи Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.
Барои маълумоти иловагӣ оиди Лаборатория метавонед муроҷиат номоед:
- Назым Тоганбаева, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қазоқистон, +7 727 270 4130, ntoganbayeva@internews.eu
- Аида Уманова, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қырғызстон, +996 709 29 11 76, aumanova@internews.org
- Шероз Шарипов, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон, +992 93 577 31 28, ssharipov@internews.org
- Тимур Оганов, менеҷери минтақавии лоиҳа, +996 550 34 53 76, toganov@internews.org