Лоиҳаи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои истеҳсолкунандагони атлас аз Индонезия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд

16.03.2022

Онлайн-вохӯрии истеҳсолкунандагони атлас аз Балӣ (Индонезия), Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд) ва Ӯзбекистон (Марғилон) баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо мақсади мубодилаи донишу таҷриба дар истеҳсоли атлас, дизайн ва технологияи атлас дар Осиёи Марказӣ ва Балӣ, инчунин, мусоидат намудан барои ҳамкориҳои судманд дар байни истеҳсолкунандагони  атласи ин давлатҳо гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ 100 нафар истеҳсолкунандагони атлас ва бахши соҳибкорӣ дар экспорти маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумии Осиёи Миёна ва Балӣ, инчунин меҳмонони боломақом аз зумраи Сафири Индонезия дар Тоҷикистон ва Сардори  Dekranasda Bali: Шӯрои ҳунарҳои мардумии Балӣ иштирок намуданд.

Вохӯрӣ дар доираи хамкории байни лоиҳаи Балӣ «Маҳорати истеҳсолкунандагони атлас барои васеъ намудани имконият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ» ва  лоиҳаи «Рушди устувори истеҳсоли абрешим ва матои атлас дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Барои боз намудани нигоҳи нав ба матои атлас, истеҳсолкунандагони атлас ва ҷавонони Балӣ бояд атлас ва услуби давлатҳои дигарро омӯзанд. Осиёи Марказӣ бо атлас бой буда, бо атласи балӣ бо номи «Эндеко» монандӣ дошта бошад ҳам, дар ранг тафовут дорад.

Лоиҳаи «Барқарорсозии рушди устувори атлас ва абрешим дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» (RUTSIS) дар доираи барномаи SWITCH-Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мешавад. Ҳадафҳои лоиҳа: мусоидат ба рушди устувор дар Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ, саҳмгузорӣ дар эҳё ва навсозии занҷирҳои арзиши абрешими маҳаллӣ ва икат, ҳамгироии равишҳои истеҳсолии устувор аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар, таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ байни ҷомеаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои таҳсил ва шуғл, ҳифзи технологияҳои қадимии истеҳсоли абрешим ва икат, рушди тарҳи инноватсионии устувор ва пешбурди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи абрешим ва икат дар Осиёи Марказӣ дар бозори байналмилалӣ.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи ИА «SWITCH-Asia» бо иштироки намояндагони консортсиум, ки дар аъзогии он ташкилотҳо ва  корхонаҳои Машваратии Олмон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: adelphi consult GmbH (Олмон), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ТҶ  «Маркази рушди туризм» (Тоҷикистон), Маркази рушди ҳунармандии Марғилон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи санъат ва дизайни Burg Giebigstein (Олмон).

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Нигина Икромӣ, (+992) 938848488, почтаи электронӣ: ikrominigina@gmail.com.