Маъракаи сеюми "Иттиҳоди Аврупо - Тоҷикистон: Рӯзҳои энергияи устувор" шахсони пешбарандаи гузариши энергетикиро истиқбол мекунад ва ба кабудизоркунии Тоҷикистон мусоидат менамояд
Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ассотсиатсияи манбаъҳои нерӯи барқароршавандаи Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, қаҳрамонони аксҳои намоиш ва донишҷӯён иштирок карданд.
Намоиши аксҳо, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд, ҳикояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон - сиёсатмадорон, коршиносон, муҳаққиқон, муҳандисон ва омӯзгоронро, ки тавассути кор ва ташаббусҳои худ гузариши энергетикиро пеш мебаранд ва ғояи ояндаи устуворро амалӣ мегардонанд, инъикос намуд. Ин ҳиқояҳоро намоиши рақамии минтақавӣ, ки 38 акс ва ҳикояҳои илҳомбахши қаҳрамонон аз панҷ кишвари Осиёи Марказиро дар бар мегирад, илова кард.
EU, 2025
Дар маросими ифтитоҳи намоиш, ҷаноби Манучеҳр Сафарзода, Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қайд кард: "Беш аз 98% нерӯи барқи Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва кишвари мо ҳадафи бузурги гузариши пурра ба энергияи сабзро то соли 2037 муқаррар кардааст. Барои мо, рушди энергияи барқароршаванда на танҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки дастгирӣ ва эътирофи онҳое, ки ин равандро пеш мебаранд, низ мебошад. Тавассути сиёсати муассир, маориф ва навоварӣ, мо кӯшиш мекунем, ки як системаи тоза ва устувори энергетикиро эҷод кунем. Мо аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар роҳи мо ба сӯи Тоҷикистони сабзтар, устувортар ва тавонотар миннатдорем."
Пас аз ин, иштирокчиён дар чорабинии кабудизоркунӣ дар зеристгоҳи "Нав" иштирок варзиданд. Ин иқдоми рамзӣ бо ташаббусҳои Барномаи миллии "Кишвари сабз", Барномаи давлатии кабудизоркунии кишвар то соли 2040, ҳаракати миллии "Дарахт шинонед!" ва маъракаи аврупоии #ForOurPlanet (барои сайёраи мо) ҳамоҳанг буда, ӯҳдадорӣ ба ҳавои тоза, муҳити сабзи шаҳрӣ ва устувории иқлимро нишон медиҳад.
EU, 2025
Ҷаноби Радослав Дарски, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд: "Ин намоиши аксҳо имконият фароҳам меорад, ки арзишҳо ва орзуҳои муштараки моро барои ояндаи устувор ҷашн гирем. Он шарикии мустаҳкам ва дарозмуддати байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои рушди устувор, гузариши энергетикӣ ва рушди иқтисоди сабз нишон медиҳад. Қаҳрамонони намоиш исбот мекунанд, ки ҳар як амал — хурду калон — муҳим аст. Ҳар як ҳикояи нақлшуда ва ҳар як ниҳоли шинонидашуда ба мо хотиррасон мекунад, ки якҷоя мо метавонем сайёраро ҳифз кунем ва ояндаи беҳтарро бунёд кунем."
EU, 2025
Маъракаи «Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон: Рӯзҳои энергияи устувор» ва чорабиниҳои он аз ҷониби лоиҳаи «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуданд.
Маълумот:
Иттиҳоди Аврупо иттиҳоди иқтисодӣ ва сиёсии 27 кишвари аврупоӣ мебошад. Он ба арзишҳои эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқи шахсони ба ақаллиятҳо мансуб асос ёфтааст. Он дар сатҳи ҷаҳонӣ барои пешбурди рушди устувори ҷомеаҳо, муҳити зист ва иқтисодиёт амал мекунад, то ҳама аз он баҳра баранд.
Маъракаи "Иттиҳоди Аврупо - Тоҷикистон: Рӯзҳои энергияи устувор" қисми маъракаи васеътари "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ: Рӯзҳои энергияи устувор" мебошад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳӣ дар байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва ҷомеа дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи аҳамият, манфиатҳо ва дастрасии энергияи устувор, инчунин робитаи байни энергетика ва тағирёбии иқлим мебошад. Ин маърака инчунин ҷузъи калидии "Ҳафтаи энергияи устувори Аврупо (EUSEW)", бузургтарин чорабинии солона бахшида ба энергияи барқароршаванда ва самаранокии энергия дар Аврупо мебошад, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо дар соли 2007 оғоз шудааст.
Лоиҳаи "Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)" (аз марти соли 2022 то марти соли 2026), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои пешбурди мувозинати устувори энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мутобиқи таҷрибаҳои беҳтарини Иттиҳоди Аврупо равона шудааст. SECCA ҳадаф дорад, ки чаҳорчӯбаи қавитар ва фарогиртари сиёсӣ, меъёрӣ ва институтсионалиро барои гузариш ба системаи энергетикии устувор дар заминаи минтақавӣ фароҳам оварад. Лоиҳа ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи самаранокии энергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ барои лоиҳаҳо дар самти самаранокии энергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия нигаронида шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо Елена Серебренникова, Коршиноси калони коммуникатсияи стратегии SECCA, тавассути media@secca.eu, Нургул Смагулова-Дулич, Коршинос оид ба робита бо ВАО, SECCA, тавассути nurgul.smagulova@secca.eu, ё бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тавассути Mahbuba.ABDULLOEVA@eeas.europa.eu ба тамос бароед.