Маърака бахшида ба Рӯзи Аврупо 2026, Душанбе, Тоҷикистон
***
Мӯҳтарам Вазир Далер Ҷумъа,
Меҳмонони гиромӣ, Хонумон ва ҷанобон,
Бо камоли хушнудӣ ҳамаи шуморо дар ин ҷашни Рӯзи Аврупо 2026 истиқбол менамоям - рӯзе, ки мо ба дурнамо, ягонагӣ ва арзишҳои муштараке, ки Аврупоро аз қитъаи аз ҷанг харобшуда ба рамзи сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамкорӣ табдил доданд, эҳтиром мегузорем.
Ҳафтоду шаш сол пеш, Эъломияи ҷасуронаи Роберт Шуман заминаи Иттиҳоди Аврупоро гузошт - иттиҳоде, ки на бар қудрати силоҳ, балки бар қудрати ҳадафи муштарак бунёд ёфтааст.
Имрӯз, Иттиҳоди Аврупо шаҳодати онест, ки вақте миллатҳо ба ҷои ҷудоӣ муколама, ба ҷои низоъ ҳамкорӣ ва ба ҷои ҷудосозӣ ҳамбастагиро интихоб мекунанд, чӣ дастовардҳо имконпазиранд. Дар ҷаҳоне, ки сулҳ зери хатар аст ва тартибот бар асоси қоидаҳо зери суол қарор дорад, ӯҳдадории Аврупо барои ҳифзи ин арзишҳо - дар дохил ва хориҷи Аврупо - ҳеҷ гоҳ ин қадар муҳим набуд.
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шарикии амиқ ва рӯ ба инкишоф бар асоси ӯҳдадории муштарак ва эҳтироми мутақобила доранд. Муносибати мо танҳо аз сухан иборат нест - он дар бораи натиҷаҳои мушаххас аст, ки зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистонро беҳтар мегардонанд. Якҷоя мо мушкилоти муштаракро ба роҳҳои ҳалли муштарак табдил медиҳем ва исбот мекунем, ки субот ва шукуфоӣ тавассути ҳамкорӣ эҷод мешаванд.
Танҳо дар соли гузашта мо пешрафти назаррасро мушоҳида кардем:
-
Муколамаҳои сиёсии мо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, иқлим ва амният амиқтар гардонданд. Тавассути шарикӣ дар соҳаҳои муҳими номбаршуда мо на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаи васеътарро таҳким мегардонем.
-
Тавассути ташаббуси "Global Gateway"-и мо, Иттиҳоди Аврупо гузаришҳои сабз ва рақамии Тоҷикистон, идоракунии об ва инфрасохторро дастгирӣ менамояд. Ин фаъолият Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро тавассути такмили пайвастагӣ, ҷараёнҳои тиҷоратӣ ва энергетикӣ ба як дигар наздиктар мекунад.
-
Барномаҳои рушди мо дар соҳаҳои гуногун аз маориф ва тандурустӣ то мубориза бо таҳдидҳои гибридӣ, ба монанди маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки суботи ҳамаи моро халалдор мекунанд, дар сатҳи маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд.
Аз оғози шарикии мо дар солҳои 1990, Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард евроро ҷудо кардааст. Мо якҷоя ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Иҷозат диҳед чанде аз мисолҳоро қайд намоям:
-
Тавассути нерӯгоҳи барқи обии Себзор ба истеҳсоли энергияи тоза мусоидат намудем, ки ба қариб 0,5 миллион нафар дастрасӣ ба шабакаро фароҳам овард ва ба фурӯши нерӯи барқи изофӣ дар хориҷа имкон дод.
-
Шабакаи ёрии аввалияи тиббиро, ки ба қариб 4 миллион нафар мерасад, дастгирӣ намудем.
-
Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, ба навсозӣ ва барқарорсозии системаҳои обёрӣ, беҳтар намудани самаранокии об ва ҳосилнокии кишоварзӣ равона шудаанд.
-
Садҳо омӯзгор бо усулҳои муосир омӯзонида шудаанд.
-
Қариб 100 000 дарахт шинонда шудаанд, каналҳои обёрӣ сохта шудаанд, нуқтаҳои насоси обкашӣ барқарор карда шудаанд.
Умуман, мо ислоҳотро дар соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ, маориф ва тандурустӣ, энергетика ва об дастгирӣ намудем, ки ба беҳтар намудани хизматрасонии мардум мусоидат мекунад.
Аммо шарикии мо на танҳо ҳамкории иқтисодӣ, балки арзишҳои муштаракро низ дар бар мегирад. Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ба аҳамияти ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва идоракунии хуб боварӣ доранд. Ин принсипҳо асоси амният ва шукуфоии пойдор мебошанд. Мо қадамҳои мусбати Тоҷикистонро дар ин масъалаҳо, аз ҷумла тавассути муколамаи ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти судӣ, мушоҳида мекунем.
Бо вуҷуди ин, дӯстона, мо инчунин бояд эътироф кунем, ки дар куҷо пешрафти бештар лозим аст - чӣ дар ҳифзи озодии матбуот, чӣ дар мубориза бо коррупсия ва чӣ дар беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ин талошҳоро дастгирӣ кунад, зеро ниҳодҳои қавӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқ барои рушди дарозмуддат ва суботи ҳамсоягии муштараки мо муҳиманд.
Ҳангоми ҷашни имшаб, мо бояд ҷасорати Украинаро низ эътироф кунем, миллатеро, ки на танҳо соҳибихтиёрии худро, балки арзишҳоеро, ки Иттиҳоди Аврупои моро муайян мекунад, аз ҷумла тартиботи байналмилалии бар асоси қоидаҳо, озодӣ, демократия ва волоияти қонунро ҳимоя мекунад.
Амнияти Аврупо тақсимнашаванда аст - он чизе, ки ба як кас таҳдид мекунад, ҳамаро дар зери хатар мегузорад. Зиёда аз чор сол пас аз ҳамлаи Русия, дастгирии Иттиҳоди Аврупо аз Украина устувор боқӣ мемонад, зеро сулҳ худ аз худ ба даст намеояд; онро бояд ҳар рӯз ҳифз кард. Ин як ӯҳдадории маънавӣ аст ва он дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, ки дар он эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва тамомияти арзӣ бояд ояндаи умумии моро роҳнамоӣ кунад, садо медиҳад.
Бо нигоҳ ба оянда, нақши стратегии Тоҷикистон дар минтақа ҳеҷ гоҳ ин қадар равшан набуд. Долони миёна, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, на танҳо як роҳи тиҷоратӣ аст - он пуле барои рушди иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва мубодилаи фарҳангӣ мебошад. Тавассути ташаббусҳо ба монанди "Global Gateway", мо на танҳо ба инфрасохтори Тоҷикистон, балки ба як ҳамсоягии устувор ва пайваст сармоягузорӣ мекунем - зеро амнияти пойдор аз шукуфоии муштарак вобаста аст.
Дар ин Рӯзи Аврупо, биёед эътиқоди муштараки худро ба ҷаҳоне, ки дар он ҳамкорӣ бар низоъ ғолиб меояд, имкониятҳо барои ҳама дастрасанд ва шаъну шарафи инсон ҳифз карда мешавад, бори дигар тасдиқ намоем. Таърихи Аврупо таърихи умед аст – таърихи миллатҳое, ки пас аз асрҳои ҷудоӣ ваҳдатро интихоб кардаанд. Тоҷикистон низ нишон додааст, ки устуворӣ ва азму ирода метавонанд ҳатто бузургтарин мушкилотро паси сар кунанд.
Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки дар бунёди ояндаи дурахшон бо Тоҷикистон - ҳамчун шарик, дӯст ва муттафиқ - ҳамкорӣ мебарад. Мо якҷоя метавонем ба натиҷаҳои бузург - барои Тоҷикистон, барои минтақаи худ ва барои ҷаҳон - ноил шавем.
Рӯзи Аврупо муборак! Зинда бод дӯстии байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо!
***