Намояндаи олӣ / Ноиби президент Жозеп Боррелл Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳузур пазируфт

12.10.2021

Намояндаи олӣ / Ноиби президент Жозеп Боррелл рӯзи душанбе дар Брюссел бо Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

 

Мулоқот барои мубодилаи фарохи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, оиди ҷараёни инкишофи марҳилаи ахир дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла натоиҷи рӯйдодҳои Афғонистон, имконият фароҳам намуд дод.

Онҳо марҳилаҳои дарпешистодаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла оғози музокирот оид ба Созишномаи васеи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) -ро баррасӣ намуданд. Намояндаи олӣ ӯҳдадории ИА-ро барои дастгирии Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи COVID-19, инчунин оид ба рушди устувор ва тағирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Дар масъалаҳои минтақавӣ ҳар ду ҷониб рӯйдодҳои Афғонистон ва роҳҳои ҳалли онро дар якҷоягӣ бо дигар шарикони минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд. Президент Раҳмон ва Намояндаи олӣ Боррелл аҳамияти ҳамкории минтақавиро барои рафъи мушкилоти таҳаввулоти Афғонистон таъкид карданд ва хостори ҳукумати фарогир дар Кобул шуданд.

Намояндаи олӣ иқтидори Тоҷикистонро дар истеҳсоли "энергияи сабз" эътироф намуда, аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амали СММ "Об барои рушди устувор" ва нақшаи гузаронидани конфронси минтақавӣ оид ба об дар соли 2022 дар Душанбе истиқбол намуд.

Намояндаи олӣ интизори ташрифи Тоҷикистон барои иштирок дар мулоқоти 17-уми Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст, ки 22 ноябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад.