Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар Тоҷикистон ба кор даромад: Давраи нави амнияти энергетикӣ дар Помир

26.06.2025
Роштқалъа, Тоҷикистон
Press and information team of the Delegation to TAJIKISTAN

Имрӯз дар ноҳияи Роштқалъа ифтитоҳи расмии нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт баргузор гардид, ки ин як марҳалаи муҳим дар рушди соҳаи энергетикаи минтақа мебошад. 

 

Имрӯз дар ноҳияи Роштқалъа ифтитоҳи расмии нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт баргузор гардид, ки ин як марҳалаи муҳим дар рушди соҳаи энергетикаи минтақа мебошад. Ин рӯйдоди муҳим таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳузури шарикони байналмилалии асосии рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин маросими гузоштани пойдевори бинои мактаби нави миёна барои 240 хонанда дар деҳаи Барҷангал доир гардид, ки ин мактаб дар доираи нақшаи кӯчонидани аҳолӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд мегардад.

Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар баландии зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз рӯи принсипи истгоҳи дериватсионӣ сохта шуда, бо се турбинаи амудии навъи “Пелтон” муҷаҳҳаз гардидааст, ки иқтидори ҳар яки онҳо тақрибан 3,7 МВт мебошад. Бо маҷрои об 12 метри мукааб дар як сония ва фишори беш аз 110 метр ин нерӯгоҳ қодир аст, ки дар як сол беш аз 76 миллион киловатт-соат нерӯи тозаи барқароршавандаи барқро тавлид кунад ва ҳар сол ихроҷи беш аз 45 ҳазор тонна гази карбонро пешгирӣ кунад.

Нерӯгоҳ бо шабакаи минтакавй якҷоя карда мешавад, ки ин боиси баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти 220 хазор нафар сокинони ВМКБ бо қувваи барқ мегардад. Дар оянда он инчунин барои содироти нерӯи барқ ​​ба шимоли Афғонистон истифода мешавад ва дастрасии беш аз 430 000 нафарро дар ин минтақаи таърихан осебпазир ва дар изолятсия мондаи давлати ҳамсоя таъмин мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо маблағгузории муштараки Иттиҳоди Аврупо тавассути KfW маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Ширкати «Помир Энерҷӣ» амалӣ карда мешавад.

“Себзор танҳо як нерӯгоҳи барқи обӣ нест, он як экосистемаи пурра мебошад”, - қайд кард Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон. "Лоиҳа ба ғайр аз таҳкими амнияти энергетикӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистонӣ, ҳамчунин ба рушди тамоми шабакаи барқи минтақавӣ такон бахшида, боиси ҷалби сармоягузории бузург ба инфрасохтори иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа гардид".

Нерӯгоҳи "Себзор" як қисми стратегияи гузариш ба энергияи “сабзи” Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ӯҳдадории кишварро ба бетарафии карбон, афзоиши истиқлолияти энергетикӣ ва рушди тиҷорати миёнмарзии энергетикӣ нишон медиҳад.

"Ифтитоҳи НБО "Себзор" тааҳҳуди Иттиҳоди Аврупоро ба рушди устувор, устувории иқлим ва дастрасии фарогир ба энергия дар Тоҷикистон инъикос мекунад”,- гуфт Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис. "Ин лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Олмон ва “Помир Энерҷӣ” амалӣ мегардад, як қисми Ташаббуси “Global Gateway” буда, ба рушди инфрасохтор, ки ҷомеаҳоро таҳким мебахшад ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат мекунад, равона шудааст". 

Лоиҳа бо риояи стандартҳои қатъии экологӣ ва иҷтимоӣ амалӣ карда шуд. Дар доираи Барномаи «Барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ» соҳибкории маҳаллӣ дастгирӣ ёфт ва иншооти аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаби нав, бунёд гардиданд, ки ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии минтақа мусоидат намуд.

Лоиҳа дар соли 2023 эътирофи махсус гирифт ва аввалин иншоот дар ҷаҳон гардид, ки тибқи Стандарти устувории гидроэнергетика соҳиби сертификати тилло гардидааст. Ҷоиза мутобиқати лоиҳаро ба таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи экология, масъулияти иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) таъкид мекунад.

"Нерӯгоҳи "Себзор" устувории тамоми минтақаи ВМКБ-ро ба таъсири тағйирёбии иқлим зиёд мекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб, лоиҳа аз ҷониби Ташаббуси Иқлим ва Технологияи Олмон маблағгузорӣ шудааст”,- гуфт Андреас Шнайдер - директори минтақавии дафтари KfW дар Осиёи Марказӣ. "Мо умедворем, ки лоиҳа ба рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши воқеии камбизоатӣ дар ин минтақаи кӯҳистон мусоидат хоҳад кард."

"Ҳамчун шарики аввалин дар амалисозии лоиҳаи энергетикии давлатӣ-хусусии Тоҷикистон, AKFED ифтихор дорад, ки Ширкати “Помир Энерҷӣ” чунин лоиҳаи аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаро дар яке аз минтақаҳои душвортарин бомуваффақият амалӣ намуд",- иброз дошт Ғолиб Ғулом- директори глобалии Хадамоти пешбурди саноати Хазинаи Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ. "Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон барои ҳамкорӣ дар пешбурди барномаи барқикунонии деҳаҳои дурдаст изҳори сипос менамоем". 

Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” на танҳо манбаи энергия мебошад. Ин марҳилаи нави рушди устувори ВМКБ мебошад. Ин лоиҳа собит мекунад, ки ҳадафҳои пуриддао, усулҳои инноватсионӣ ва шарикӣ дар бахшҳои гуногун метавонанд монеаҳои инфрасохториро бартараф созанд ва натиҷаҳои дарозмуддатро таъмин намоянд.

Ба ҳайси меҳмонони фахрии чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Раймундас Кароблис; Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Йорк Шуграф; Директори минтақавии Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ, Андреас Шнайдер ва дигар шарикони рушд ҳузур доштанд.