Сафари омӯзишӣ ба Иттиҳоди Аврупо бахшида ба Ишораҳои Ҷуғрофӣ ва агрокластерҳо
Тайи чанд соли охир давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таъмини миқдори бештар, сифати тиҷоратӣ ва бехатарии ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ ба мавзӯи кластеризатсияи бахши кишоварзӣ таваҷҷӯҳи хос доранд.
Ташаббуси таъсиси платформаи кории минтақавӣ (МРП) аз ҷониби ҷомеаи тиҷоратии минтақа баромад ва баъдан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳои узви RAWG, аз ҷумла, мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, агентиҳои содирот дастгирӣ ёфт. Дар САВГ мавқеъи асосиро истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намояндагони иттиҳодияҳои саноатӣ ишғол мекунанд.
Ҳамчунин, дар солҳои охир кишварҳои минтақа нисбат ба пешбурди маҳсулот тавассути Ишораҳои Ҷуғрофӣ (GI) таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, зеро бо ин роҳ эътироф ва пешбурди маҳсулоти минтақавӣ ҳамчун маҳсулоти нодир имконпазир мебошад, ки дар навбати худ мизони шиносоӣ ва арзиши маҳсулотро дар бозор аз ҳисоби таваҷҷуҳи баланди истеъмолкунандагон (миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ) боло мебарад, азбаски маҳсулот ба макони муайяни ҷуғрофӣ ва вижагиҳову хусусиятҳои он ба суннатҳои маҳаллӣ ва усулҳои истеҳсолот вобаста мебошад. Бояд гуфт, ки дар кишварҳои минтақа бо ҳадафи ташаккули шароити институтсионалӣ, гурӯҳҳои кории байниидоравии миллӣ оид ба агрокластерҳо ва Ишораҳои Ҷуғрофӣ, бо шумули бахши хусусӣ, амал мекунанд.
Иштироккунандагони сафари омӯзишӣ имкони ошноӣ бо нуктаҳои зерин доштанд:
- Кластерҳо ва сиёсати кластерии комплекси агросаноатии Австрия;
- Барномаҳои дастгирии кластерҳо дар Австрия;
- AAC «Кластери кишоварзии Австрия», таъсисёбӣ ва устуворшавии он;
- Ҳамкории илм, маориф ва тиҷорат дар доираи кластерҳо;
- Сиёсат ва низом дар соҳаи брендинг ва фардикунонии маҳсулот тавассути "Ишораҳои Ҷуғрофӣ"
- Пешбурди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди деҳот тавассути GI;
- Нақши ташкилотҳои истеҳсолкунанда дар системаи GI;
- Ташкил ва ҳамзамон баргузории чорабинии намоишӣ барои пешбурди содирот аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо.
Дар ин сафари омӯзишӣ намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, иттиҳодияҳои саноатӣ, истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Сафари омӯзишӣ аз ҷониби консорсиуми «CANDY V» таҳти роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягии Hilfswerk International дар доираи лоиҳаи “Ҳамгироии минтақавӣ ва зарфиятсозӣ барои боло бурдани рақобатпазирии ширкатҳои хурд ва миёна дар соҳаи агробизнес ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ - CANDY V” ташкил шуда, аз тарафи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест V" ва Агентии рушди Австрия маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи "Кумак ба савдои минтақавии БРСММ дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба суроғаи электронии зерин муроҷиат кунед: aslanov@hilfswerk.tj.