Сафири нави Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон омад

Иттиҳоди Аврупо бо хушнудӣ омада расидани мӯҳтарам Радослав Дарски, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, эълон мекунад. 

Ambassador Radosław Darski

Сафир Дарски дорои таҷрибаи ғании дипломатӣ ва дониши сиёсати Аврупо, ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Сафир Дарски дар тӯли фаъолияти барҷастаи худ, ки зиёда аз ду даҳсоларо дар бар мегирад, дар Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS), Намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва хадамоти дипломатии миллиаш вазифаҳои калидиро ишғол менамуд. Дар вақти охир, мӯҳтарам Дарски ба ҳайси Муовини директори раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон дар Варшава кор карда, бо масъалаҳои сиёсат нисбат ба Балканҳои Ғарбӣ, Туркия, Қафқози Ҷанубӣ ва Шарикии Шарқӣ машғул буд.

Қабл аз ин ӯ ҳамчун Муовини директори раёсати шарқии Вазорати корҳои хориҷа дар Варшава фаъолият намуда, ташаббусҳоро оид ба Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Шарикии Шарқӣ назорат мекард. Таҷрибаи густурдаи минтақавии ӯ инчунин вазифаҳои роҳбарикунанда дар Намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон ва Гурҷистонро дар бар мегирад, ки дар он ҷо ҳамчун Сардори шӯъбаҳои сиёсат ва иттилоот рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони минтақавӣ пеш мебурд.

Сафир Дарски инчунин дар ҳайси Муовини роҳбари Сафорати Лаҳистон дар Минск фаъолият намудааст. Ӯ дорои дараҷаи магистри сиёсатшиносӣ дар бахши равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, ба пуррагӣ забонҳои лаҳистонӣ, англисӣ ва русиро медонад.

Сафир Дарски дар мавриди таъйин шуданаш ба ин вазифа ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои рушди кишвар дар заминаи васеътари минтақавӣ изҳор намуд.

Сафир Дарски ба ҷойи Сафир Раймундас Кароблис, ки он ин вазифаро дар давоми се сол иҷро мекард, таъин шуд.