Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон: Такмили ҳамкориҳои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон

Имрӯз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон 10-умин Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар он намояндагони ҳукумат, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ), ВАО ва ҷомеаи дипломатӣ иштирок намуданд.

 

Семинари Ҷомеаи шаҳрвандӣ як платформаест, ки ҳадафи он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муколама оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва демократия мебошад. Ин семинарҳо мунтазам аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо Муколамаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон бо кишварҳои шарик ташкил карда мешаванд. Он барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва дарсҳои омӯхташуда дар байни созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳокима кардани нақши онҳо дар раванди рушд ва ҳалли масъалаҳои ҳалталаб дар мавзӯъҳои гуногун имкони хуб фароҳам меорад.

 

EU-Tajikistan Civil Society Seminar

 

Семинари Ҷомеаи шаҳрвандӣ имсол ба густариши ҳамкории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бахшида буд. Он барои муколама дар бораи чӣ гуна беҳтар кардани ҳамкории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши давлатӣ имкон медиҳад. Бахусус, муҳокимаҳо ба он нигаронида шуданд, ки чӣ гуна созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ба Ҳукумат дар иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла баланд бардоштани ҳуқуқи инсон, мусоидат намоянд, чӣ гуна ҳукумат метавонад ба СҶШ дар фаъолияти онҳо кӯмак расонад, мушкилотҳои СҶШ ва роҳҳои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ва масъалаҳои эҳтимолӣ. Дар чорабинӣ презентатсияҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкорӣ ҳам аз ҷониби намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам намояндагони ҳукумат муаррифӣ карда шуданд.

EU-Tajikistan Civil Society Seminar

 

Дар охири семинар аз ҷониби иштирокчиён оид ба беҳтар намудани ҳамкории СҶШ ва ниҳодҳои давлатӣ як қатор тавсияҳо таҳия карда шуданд, ки ба муколамаи минбаъда дар ин мавзӯъ мусоидат мекунанд.