Тоҷикистон иншооти муҳими энергетикиро дар Помир барои васеътар намудани шабакаҳои барқии минтақавӣ ва таҳкими робитаи миёнмарзӣ ба кор медарорад

26.06.2025
Рӯшон, Тоҷикистон
Press and information team of the Delegation to TAJIKISTAN

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар самти анҷоми ташаккули шабакаи минтақавии барқ ​​дар ВМКБ як қадами муҳим гузошт: ба кор андохтан ва бунёди иншооти асосии инфрасохторӣ, ки ба баланд бардоштани устувории энергетикии минтақа ва рушди робитаҳои миёнмарзӣ нигаронида шудаанд, сурат гирифт.

 

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар самти анҷоми ташаккули шабакаи минтақавии барқ ​​дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қадами муҳим гузошт: ба кор андохтан ва бунёди иншооти асосии инфрасохторӣ, ки ба баланд бардоштани устувории энергетикии минтақа ва рушди робитаҳои миёнмарзӣ нигаронида шудаанд, сурат гирифт.

Ин рӯйдоди муҳим дар деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон дар сатҳи баланд- таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Олмон дар Душанбе, Бонки Олмонии Рушд (KfW), Бунёди PATRIP ва “Помир Энерҷӣ” (“Pamir Energy”) ширкат доштанд.

Маросими ифтитоҳ ду рӯйдоди муҳимро дар бар гирифт:

  • Ифтитоҳи зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и “Ҷангал” дар ноҳияи Рӯшон (бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо) ва 53 км хати интиқоли барқи 110 ва 35 кВ “Хоруғ – Вомар”, ки бо дастгирии Фонди ПАТРИП бунёд гардидааст;
  • Оғози тантанавӣ ба сохтмони зеристгоҳи 110/35 кВ "Қозидеҳ" дар ноҳияи Ишкошим ва хати интиқоли барқи 110 ва 35 кВ “Вомар-Вознавд” ба масофаи 42 километр (бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо).

Ин лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати федеролии хориҷии Олмон тавассути Бонки KfW ва Хазинаи PATRIP маблағгузорӣ карда шуда, тавассути Бунёди Оғохон (Бритониё) равона карда мешаванд. Лоиҳаро Ширкати "Помир Энерҷӣ" амалӣ мекунад.

Далер Ҷумъа-вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон чунин иброз дошт: "Ин зерсохтор танҳо оҳану сим набуда, замина барои амнияти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад." «Он ҷамоатҳоро ба манбаи боэътимод ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия пайваст намуда, ВМКБ-ро ба системаҳои энергетикии миллӣ ва фаромарзӣ муттаҳид мекунад».

Иншоотхое, ки ба кор андохта шудаанд ва иншоотҳое, ки сохтмони онҳо пешбинй гардидааст, дар роҳи ба анҷом расондани ташаккули шабакаи минтақавии энергетикии ВМКБ қадами муҳим мебошанд. Маблағгузориҳои мазкур сифат ва эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро барои ҳазорон истеъмолкунандагон, коҳиш додани сатҳи талафоти техникӣ ва устувории шабакаҳоро ба хатарҳои иқлимӣ ва офатҳои табиӣ дар минтақае, ки дастрасии мавсимӣ маҳдуд аст, тақвият мебахшанд.

Раймундас Кароблис, Сафири  Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қайд кард, ки «Рӯйдоди имрӯза тасдиқи садоқати қавӣ ва дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо ба устувории иқлим, рушди фарогир ва дастрасӣ ба қувваи барқ мебошад. "Дар ҳамдастӣ бо шарикони худ мо ба инфрасохторе сармоягузорӣ мекунем, ки ба ҷомеаҳо тавоноӣ мебахшад".

Дастгирии Бунёди “PATRIP” ба бунёди хати интиқоли барқи “Хоруғ-Вомар” сармоягузориҳои Иттиҳоди Аврупоро тавассути таҳкими инфрасохтори энергетикӣ пурра мекунад, ки на танҳо равобити дохилиро тақвият мебахшад, балки барои тиҷорати ояндаи нерӯи барқ ​​бо шимоли Афғонистон замина мегузорад.

"Эҷоди системаҳои боэътимод ва муосири энергетикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои субот ва шукуфоии муштарак муҳим аст", - гуфт Александр Бёр- раиси Шӯрои Бунёди “PATRIP”. "Мо аз он хушҳолем, ки дар бунёди инфрасохторе, ки ба сокинони деҳаҳои дурдасти сарҳадӣ манфиатҳои дарозмуддат меорад, саҳм мегузорем."

“Помир Энерҷӣ” (Pamir Energy) ширкати пешсафи минтақавӣ дар таъмини дастрасӣ ба қувваи барқи тоза буда, масъули амалисозии ҳамаи ҷузъҳои ин барнома мебошад.

«Ин лоиҳаҳо моро ба таъсиси шабакаи ягонаи минтақавии энергетикӣ, устувор ва ба иқлими минтақа нигарондашуда наздик мекунанд, гуфт Амрихон Раимов- Директори генералии Ширкати "Помир Энерҷӣ”. "Онҳо инчунин имкониятҳои моро дар таъмини истеъмолкунандагон бо нерӯи барқи боэътимод ва самараноктар тақвият медиҳанд."

Ин ташаббуси бисёрҷониба як модели муваффақи ҳамкории Ҳукумат, маблағгузорон ва бахши хусусиро нишон медиҳад, ки ба ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар яке аз дурдасттарин ва душвортарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

_____________________________________

МАЪЛУМОТНОМА

“Помир Энерҷӣ” (“Pamir Energy”) дар намуди шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) таъсис дода шуда, як ширкати муттаҳидаи энергетикӣ мебошад, ки дар ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ширкати "Помир Энерҷӣ" як қисми хизматрасонии пешбурди саноатӣ (IPS) - Шӯъбаи саноатӣ ва инфрасохтории Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

Тамос барои ВАО:

Pamir Energy / Industrial Promotion Services (IPS), AKFED, Рамзия Муборакшоева - роҳбари Бахши сафарбаркунии захираҳо ва шарикии стратегӣ (Осиё) - ramziya.muborakshoeva@pamirenergy.com