Тоҷикистон ният дорад ҳамкориҳои байниидоравиро дар бахши САҲШ мустаҳкам намояд

Тоҷикистон ҷонибдориашро ба беҳбуди хадамоти давлатӣ тавассути таҳияи Сомонаи нави сабти асноди шаҳрвандӣ ва ҳамкории муассиртари байниидоравӣ тасдиқ намуд. Маъмурияти муосири давлатӣ дар ниҳоят ба мардуми тоҷик тавассути хадамоти амнтар, тезтар ва боэътимодтар манфиат хоҳад овард. Ин як қадами муҳимест ба пеш дар ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон.

 

Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамгироии байниидоравӣ ва мувофиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ” барпо гардид. 120 нафар иштирокчиёни конференсия аз ҷумлаи намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ, агентҳо оид ба рушд, созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони васоити ахбори омма доир ба мавзӯи конференсияи мубодилаи афкор намуда, масъалаи мувофиқат кунонидани системаҳои функсионалии низомҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро (САҲШ) байни сохторҳои давлатӣ муҳомикаву баррасӣ намуданд.

Айни замон дар Тоҷикистон низомҳои зиёди иттилоотӣ мавҷуд аст, вале бинобар номукаммалӣ ва номуташаккилии онҳо ва дастрасии нопурра ба  пойгоҳи маълумот боиси ба миен омадани хатогиҳо, таъхирҳо ва такрори маълумот мегардад. Барои ҳалли ин мушкилот дар конференсия мазкур муколама байни ниҳодҳои давлатӣ ба роҳҳои такмил додани системаи САҲШ ташкил гардид. Тавассути муттаҳид намудани системаи базаи маълумотҳо ва корбарии дуруст бо ниҳодҳои давлатӣ  имкон медиҳад, ки дар бораи шаҳрвандон  маълумоти дақиқ ва зарур ба даст оранд. Ленни Монтиел, Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон гуфт: “Дастрасӣ ба маълумоти дақиқ ва мӯътамад барои қабули қарорҳои асосноки сиёсӣ, банақшагирии муассир ва тақсими захираҳо хеле муҳим аст”.

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Муҳсинзода Ғафур изҳороти муштаракро қироат намуданд, ки дар он ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати инкишоф додани Портали нави САҲШ, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва беҳбуди хизматрасонии давлатӣ пурзӯртар мекунанд. «Бо роҳандозии ҳамгироии байниидоравӣ ва мувофиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ, мо максад дорем, ки самаранокӣ, шаффофият ва сифати хизматрасониҳои давлатиро беҳтар намула, ба табдилдиҳии рақамӣ, ки ба манфиати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд мусоидат намоем», - таъкид карданд онҳо. "Мо ҳама вазорату идораҳоро даъват менамоем, ки ба ташаббуси мо ҳамроҳ шаванд, зеро мо якҷоя кор мекунем, то хизматрасониҳои давлатӣ барои мардум дастрас ва қулай бошад".

Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳодияи Аврупо, бо таъкид бар аҳамияти масъалаи мувофиқати функсионалӣ, таъкид кард, “ки ин ба табодули маълумоти боэътимод, зуд ва сабук байни ниҳодҳои давлатӣ имкон медиҳад ва як қадами муҳим дар роҳи гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ”.

Дар давоми маҷлиси умумӣ Камол Алмуродов, Сардори Раёсати рақамикунонии Вазорати адлияи Узбекистон, тачрибаи Ҷумҳурии Узбекистонро дар сохаи интеграцияи ҳамгироии байниидоравӣ муаррифӣ кард. Пас аз кори пленум иштирокчиён дар ду ҷаласаи мавзӯӣ иштирок намуданд, аз ҷумла: «Ҳамгироии байниидоравӣ ва мувофиқати низомҳои электронӣ» ва «Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”».

Конфронс аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва бо дастгирии ташаббуси БРСММ «Ислоҳоти низоми САҲШ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи ин ташаббус дастгирии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути таҳкими иқтидори муассисаҳо ва такмил додани механизмҳои мақомоти САҲШ барои бештар ҷавобгӯ будан ба талаботи аҳолӣ тавассути автоматикунонӣ, усулҳои самараноки тавонмандӣ мебошад.

Барои маълумоти иловагӣ оид ба мавзӯъ лутфан, бо менеҷери лоиҳа, Филиппо Карусо, тамос гиред: filippo.caruso@undp.org.