Эъломияи муштарак дар натиҷаи нахустин саммити “Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ”

Мо, сарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд , Ӯзбекистон нахустин саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро баргузор намудем ва дар бораи зерин ба мувофиқа расидем:

  1. Бо тасдиқи ӯҳдадории худ ба таҳкими ҳамкориҳо дар шароити тағйирёбандаи вазъияти геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мо тасмим гирифтем, ки муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро ба як шарикии стратегӣ такмил диҳем. Мо натиҷаҳои назаррасеро, ки дар солҳои охир дар таҳкими муколама ва ҳамкории минтақаҳоямон ба даст оварда шудаанд, эътироф кардем.

  2. Иттиҳоди Аврупо бори дигар содиқ будани худро ба ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2019 тасдиқ кард. Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ , ки 23 октябри соли 2023 дар Люксембург қабул шудааст, барои татбиқи Стратегия муфид будМо нақши вохӯриҳои сатҳи баланди минтақавӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Раиси Шӯрои Аврупо дар Остона соли 2022 ва дар Чолпон-Ота соли 2023, инчунин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро дар Ашқобод, ки 27 марти соли 2025 баргузор гардид, махсусан дар арзёбии ӯҳдадориҳо дар доираи омодасозӣ ба саммити мазкур, эътироф намудем. Мо пешравии ба дастомадаро истиқбол карда, аҳамияти нигоҳ доштани суръати онро таъкид намудем.

  3. Мо тарафдори ҳамкорӣ дар роҳи сулҳ, амният ва демократия, эҳтироми пурраи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ ва принсипҳои асосии эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳо дар ҳудуди сарҳадҳои аз ҷониби байналмилалӣ эътирофшуда ҳастем. Мо аҳамияти ҳарчи зудтар ба даст овардани сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдорро дар Украина мувофиқи принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардем. Мо зарурати риояи принсипҳои САҲА аз кишварҳои узв такроран таъкид кардем. Мо ӯҳдадории ҳамаи давлатҳоро дар муносибатҳои байналхалкии худ оид ба худдорӣ аз тахдид ё истифодаи зурӣ, эҳтироми хуқуқи башардустонаи байналхалкӣ ва зарурати ​ҳалли низоъ бо роҳи осоишта бори дигар тасдик намудем.

  4. Ба ин муносибат мо ӯҳдадор мешавем, ки принципхои дар боло зикршуда, хусусан сохибихтиёрӣ ва бутунии арзии хамаи давлатҳоро дар тамоми форумҳои байналхалкӣ ва минтакавӣ эҳтиром кунем ва аз ҳар як қадами бар зидди ин принципҳо худдорӣ кунем. Ҳамин тавр мо бори дигар содиқ будани худро ба қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ 541 (1983) ва 550 (1984) тасдиқ намудем. Мо таъкид кардем, ки ширкат дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои минтақавӣ бояд ин принсипҳои байналмилалиро, ки барои таҳкими равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ заруранд, комилан эҳтиром намояд. Дар ин замина Туркманистон ёдовар мешавад, ки уҳдадориҳои байналмилалиашро ба таври қатъӣ тибқи принсипҳои мақоми бетарафии доимии худ иҷро мекунад.

  5. Дар ҷаҳони мураққаби имрӯза, мо омодагии худро барои ҳалли мушкилоти умумии амният тавассути имкониятҳои нави ҳамкориҳои минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба дар самтҳои амнияти киберӣ ва таҳдидҳои гибридӣ, таҳдидҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ (CBRN), пешгирӣ ва мубориза бо радикализатсия ва терроризм, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва қочоқи инсон, изҳор намудем. Мо ба мувофиқа расидем, ки муколамаи махсусро оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизми хушунатомез ва таҳкими устувории ҷомеа ба маълумоти бардурӯғ оғоз кунем.

  6. Мо ӯҳдадории қавии худро барои табдил додани Афғонистон ба як давлати амн, субот ва шукуфони дорои ҳукумати фарогир таъкид кардем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла занон, духтарон, намояндагони гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабӣ ва ақаллиятҳоро эҳтиром мекунад, бо худ ва ҳамсоягонаш дар сулҳ аст ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро риоя мекунад. Мо нигаронии муштараки худро аз вазъи башардӯстона дар Афғонистон ва зарурати идомаи расонидани кумак ба мардуми Афғонистон изҳор кардем. Мо даъват кардем, ки дастрасии комил ва баробар ба таҳсил тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва ширкати занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар Афғонистон таъмин карда шавад. Дар ин робита мо аз идомаи машваратҳои доимии Намояндагони вижа ва Фиристодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ кардем.

  7. Ҳамкорӣ барои пешгирии саркашӣ аз таҳримҳо як ҷанбаи муҳими муносибатҳои мо боқӣ мемонад. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориро дар ин масъала, бахусус дар мувофиқат бо кори Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳо барои пешгирӣ аз содироти дубораи ашёи афзалиятноки умумӣ, идома диҳем.

  8. Барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳалли мушкилот ва мусоидат ба шарикии наздиктар барои таъмини шукуфоӣ, рушди устувор ва суръат бахшидан ба интиқоли энергия ва декарбонизатсия, таҳкими субот, амният ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ талошҳои назаррас ба харҷ дода шудаанд. Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо аз таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ тавассути Мулоқотҳои мунтазами машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол кард. Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои дастгирии амалҳои ҷорӣ ва оянда дар самти дастгирии ҳамгироии минбаъдаи минтақавӣ изҳор кард.

  9. Сарони давлатҳо аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ дар Бишкек 13 марти соли 2025, ки ба сулҳу шукуфоии минтақа мусоидат мекунад, истиқбол карданд.

  10. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои амиқ ва ҳамаҷонибаи ду минтақа дар татбиқи пурраи Созишномаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷонибаи шарикӣ ва ҳамкории густурда (EPCA) асос меёбандДар ин замина раҳбарон аз имзои Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Қирғизистон 25 июни соли 2024 истиқбол намуда, ба имзои Созишномаи мазкур байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон, инчунин байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон умеди худро баён карданд. Мо инчунин манфиати Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистонро дар оғози музокирот оид ба Созишномаи соддагардонии раводид ва Созишномаи оид ба реадмиссия пас аз анҷоми расмиёти дохилии гуфтушунидҳои онҳоро эътироф намуда, аз амалҳои ахири Комиссияи Аврупо дар ин замина истиқбол кардем.

  11. Тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтисодӣ, ҳамчунин барои рушд ва диверсификатсияи тиҷорати минтақавӣ ва байниминтақавӣ муҳим аст. Барои пешбурди ин рӯзнома, мо ӯҳдадор шудем, ки мунтазам чорабиниҳои иқтисодӣ, аз ҷумла Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро ташкил кунем, ки ба муколамаи стратегӣ ва шарикии устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ин ҳамкорӣ бояд ба стратегияи “Global Gateway”, стратегияи сармоягузории хориҷии Иттиҳоди Аврупо мувофиқ бошад, ки дар солҳои оянда барои боз ҳам кушодани иқтидори муносибатҳои мо байни минтақаҳо васеъ карда мешавад.

  12. Дар байни сохахои зиёде, ки манфиати умумӣ доранд, вусъат додани хамкорӣ оид ба ашьёи хоми мухим мебошад барои таъмини занҷирҳои таъминоти бехатар, устувор ва диверсификатсия аҳамияти стратегӣ дорад. Мо ба мувофиқа расидем, ки Эъломияи ният, ки дар ин ҳамоиш ба тасвиб расид, ҳамкориҳоро дар ин самт амиқтар мекунад, устувории иқтисодӣ, шукуфоии мутақобиларо тақвият медиҳад ва ба гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамӣ мусоидат мекунад.

  13. Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷонибдории худро ба таҳкими робитаҳои устувори нақлиётӣ ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ тасдиқ карданд. Сафарбар кардани 10 миллиард евро барои дастгирӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Форуми сармоягузории “Global Gateway” (январи соли 2024) як қадами калидӣ дар самти рушди долонҳои самарабахши нақлиётии минтақавӣ, логистика, шабакаҳо, занҷирҳои арзиш ва механизмҳои самараноки дастгирии дастрасии мутақобилан ба бозорҳои дахлдори мо мебошад. Мо инчунин ба мувофиқа расидем, ки Заминаи ҳамоҳангсозии долони нақлиётии Транс-Каспӣ ва лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ қад-қади Долони миёна, таъмини дастрасии мутақобилан ба бозор ва ҳамкориҳои дарозмуддатро дастгирӣ кунем. Мо инчунин дар бораи аҳамияти сулҳу субот дар Қафқози Ҷанубӣ ҳамчун шарти хатмии татбиқи бомуваффақияти ин лоиҳаҳо ба мувофиқа расидем.

  14. Бо афзоиши ҳарорати ҷаҳонӣ, ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва таназзули муҳити зист, ҳифзи сайёраи мо на танҳо интихоби мо, балки як зарурат аст ва татбиқи пурра ва самараноки Созишномаи Париж амали дастаҷамъонаи моро тақозо мекунад. Мувофиқи ин ӯҳдадорӣ мо ба мувофиқа расидем, ки муборизаро бо тағирёбии иқлим, талафоти гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист барем. Иттиҳоди Аврупо аз тасмими тамоми шарикони Осиёи Марказӣ дар бораи пайвастан ба Уҳдадории глобалӣ оид ба метан истиқбол кард.

  15. Об барои рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ муҳим аст. Таъмини истифодаи устувор ва окилонаи он ба манфиатхои хаётии хамаи мамлакатхои минтака мувофик аст. Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи равишҳои инноватсионии ҳамкориҳои обу барқро барои пешбурди амалҳои мушаххас ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим бо мақсади ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об идома диҳанд. Мо инчунин ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориҳоро таҳким бахшида, шарикии худро барои беҳбуди вазъи минтақаи баҳри Арал ва тамоми хавзаи баҳри Арал идома диҳем. Дар ин замина, роҳбарон аҳамияти идомаи талошҳо дар самти баланд бардоштани самаранокии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва нишасти навбатии он дар Қазоқистон дар соли 2026 эътироф карданд. Роҳбарон омодагиҳоро ба Конфронси Уқёнуси СММ баррасӣ намуда, аҳамияти раванди оби Душанбе ва ташаббусҳои байналмилалиро, аз қабили Саммити “Оби ягона” дар соли 2024, инчунин Қатъномаи Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид “Рушди устувори кӯҳ эътироф карданд.

  16. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ карданд, ки пешбурд ва ҳифзи волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ арзиши муштараки бунёдӣ мебошанд. Таъмини озодии баён ва иттиҳодияҳо, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил, ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, инчунин эҳтиром ба ҳуқуқи занон, ҳуқуқи кӯдакон ва ҳуқуқи меҳнат дар меҳвари равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои дастгирии талошҳо дар ин самт ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам миллӣ бори дигар тасдиқ кард.

  17. Сарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки Форуми ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ як заминаи калидии муколама, пешбурди ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар таҳкими устуворӣ ва шукуфоии ҷомеаҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ тавассути ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

  18. Нақши Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамчун саҳмгузорӣ дар таҳкими ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва дар минтақа эътироф гардид.

  19. Мо ба мувофиқа расидем, ки дар асоси натиҷаҳои Саммити имрӯза дар Самарқанд ва Ҷаласаи 20-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Ашқобод баргузор шуд, бо мақсади таҳкими минбаъдаи шарикиамон ва густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои манфиати мутақобила, ки дар замимаи ин Эъломия зикр шудааст, кушишҳоро ба харҷ медиҳем.

  20. Мо ба Ҳукумати Ӯзбекистон барои бомуваффақият баргузор намудани нахустин саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Самарқанд изҳори сипос намудем.


 

ЗАМИМА: Натичаи хамкории сохавӣ

Таҳкими равобити бисёрҷониба

Иштирокчиён:

  • Ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқгардонии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба таври даврӣ бо мақсади таъмини самарабахшии бардавом ва ҳамоҳангии он бо афзалиятҳои минтақавӣ арзёбӣ карда шавад.
  • Аҳамияти Қатъномаи 72/283 Ассамблеяи Генералии СММ аз 22 июни соли 2018 оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон аз номи минтақа қабул шудааст, қайд карданд.
  • Қабули қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки он Маркази минтақавии СММ-ро оид ба Ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато расмӣ мегардонад, истиқбол кардем.
  • Нақши дипломатияи пешгирикунандаро ҳамчун воситаи асосии пешгирӣ ва ҳалли низоъ тибқи мандати Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), ки дар Ашқобод қарор дорад, қайд намудем.

  • Ахамияти “Шартномаи дустӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21”, ки 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Ота аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расидаанд, таъкид кардем.

  • Қатъномаи Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътирофи Осиёи Марказӣ ҳамчун “Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ”, ки бо ташаббуси Туркманистон аз номи минтақа қабул шудааст, эътироф кардем.

  • Ташаббусҳои Туркманистонро, ки ба сулҳ, эътимод ва дипломатияи пешгирикунанда нигаронида шудаанд, аз ҷумла нақши пешбарии он дар эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод” ва ташаббуси он барои пешбурди нақши UNRCCA, ки ҳардуи он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудаанд, эътироф кардем.

  • Шомил шудани маркази нақлиётӣ ва логистикии минтақавии Термиз ба Шабакаи ҷаҳонии таъминоти Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо истиқбол намуда, аҳамияти истифодаи онро дар саъю кӯшиш барои паҳн кардани кӯмаки башардӯстона дар Афғонистон ва дар саросари ҷаҳон, саҳмгузорӣ ба рушди минтақа ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ қайд намудем.

  • Ташаббусҳои Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба рушди устувори минтақаҳои кӯҳистонӣ дар доираи Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим, инчунин аҳамияти қатъномаи Асамблеяи Генералии СММ “Рушди устувори минтақаҳои кӯҳистон”, ки солҳои 2023-2027 ҳамчун "Панҷсолаи амал барои рушди кӯҳистон" эълон мекунанд, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии кӯҳӣ эътироф карданд ва дуюмин саммити ҷаҳонии кӯҳии “Бишкек+25”-ро, ки соли 2027 дар Қирғизистон баргузор мешавад, ба эътибор гирифтанд.

  • Аҳамияти раванди оби Душанберо эътироф намуда, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, ва инчунин Саммити минтақавии иқлим дар Остона, ки соли 2026 баргузор мешавад, мунтазиранд.

  • Ҷонибҳои манфиатдор даъват карданд, ки амалҳо ва кӯшишҳои глобалӣ афзоиш ёбанд, аз ҷумла дар заминаи Созишнома оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологии баҳри минтақаҳои берун аз салоҳияти миллӣ (Созишномаи BBNJ).

  • Аҳамияти муҳими илмҳои криосфера барои рушди устуворро эътироф намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса барои ташаббуси онҳо ҷиҳати пешбурди қабули қатъномаи Асамблеяи Генералии СММ дар моҳи августи соли 2024 дар бораи эълон кардани солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера» изҳори сипос карданд.

  • Арзиши баланди ҳамкориҳои минтақавии давомдор дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бо дастгирии ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) дар соҳаҳои омодагӣ ба амнияти саломатӣ, саломатии рақамӣ, фарогирии умумии тиббӣ ва ғайра эътироф карданд.

  • Аҳамияти қатъномаи Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи эълон кардани 5 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии халъи силоҳ ва паҳн накардани силоҳро қайд намуда, зарурати таҳкими саъю кӯшиши ҷаҳонӣ барои мусоидат ба сулҳу амният ва суботи байналмилалиро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Қирғизистон қабул шудааст, таъкид намуданд.

Ҳалли мушкилоти умумии амният

Иштирокчиён:

  • Омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти умумии амният, аз ҷумла омӯхтани имкониятҳои нави ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси дархостҳо, манфиатҳо ва ниёзҳои дахлдор, аз ҷумла тавассути Фонди сулҳи Аврупо тасдиқ карданд.

  • Маблағгузории вокуниши минтақавиро ба афғонҳои кучидашуда ҳамчун яке аз бахшҳои ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии шарикони Осиёи Марказӣ дар талошҳои онҳо дар ҳалли мушкилоти амниятӣ, ки аз вазъи Афғонистон ба миён омадааст, истиқбол кардем.

  • Идомаи корҳо дар чаҳорчӯби барномаи БОМКА оид ба таҳкими иқтидори марзбонон ва амнияти сарҳадӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кардем. Дар ин замина, ширкаткунандагон инчунин ба раванди Душанбе оид ба ҳамкориҳои зиддитеррористӣ ­ва амнияти сарҳадӣ таъкид карданд.

  • Ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ ва иттилооти тақаллуб, аз ҷумла тавассути фаъолиятҳои баланд бардоштани иқтидор таҳким шавад.

Тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ

Иштирокчиён:

  • Уҳдадориҳои дахлдорро оид ба имзои Созишномаҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон дар соли 2025 ва байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соли 2026 тасдиқ карданд.

  • Пешниҳоди Туркманистонро дар бораи таҳкими заминаи ҳуқуқии равобити дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо қайд намуда, аҳамияти қадамҳои минбаъда дар ин самтро таъкид карданд.

  • Оиди давоми кор дар самти шомилшавии Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба мувофиқа омаданд.

  • Эътироф карданд, ки ҷонибҳои манфиатдор аз таъсиси Намояндагии минтақавии Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) дар Осиёи Марказӣ, ки дар натиҷаи имзои Созишномаи кишвари мизбон миёни Ӯзбекистон ва БСА, истиқбол карданд, ки он тақвияти ҳузури Бонк дар минтақа имконпазир гардид, истиқбол карданд ва таъсиси намояндагиҳои кишварии ин бонк дар Остона ва дигар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ пуштибони карданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, иқтисоди аз ҷиҳати иқлим бетараф, пайвастшавӣ дар доираи “Global Gateway” ва ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи сабзи Аврупо

Иштирокчиён:

  • Пайгирии мушаххаси Тадқиқоти Иттиҳоди Аврупо оид ба робитаҳои устувори нақлиётӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ (дар моҳи июни соли 2023 нашр шудааст), бахусус баргузории бомуваффақияти Форуми самоягузории “Global Gateway” оид ба робитаҳои нақлиётӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (29-30 январи соли 2024, Брюссел) ва таъсиси платформаи ҳамоҳангсозӣ дар соли 2024, инчунин ҷалби 10 миллиард евро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дастгирии робитаҳои устувори нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.

  • Форуми сармоягузории оди ба Долони нақлиётии Транс-Каспӣ ва Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо–Осиёи Марказӣ, ки соли 2025 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, эълон карданд.

  • Уҳдадориҳои худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионии ду минтақа бо такя ба корҳое, ки ҷиҳати имзои Созишномаи уфуқӣ бо Қазоқистон анҷом дода шудаанд, тасдиқ карданд.

  • Пешравиро, ки дар чаҳорчӯби Ташаббусҳои минтақавии сабз ва рақамии “Team Europe” дар Осиёи Марказӣ ба даст омадааст, эътироф карданд.

  • Ҳамкориҳои хубро бо Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар соҳаҳои энергетика, об, алоқа, нақлиёт ва ашёи хоми муҳим эътироф намуданд.

  • Аз имзои Ёддоштҳои тафоҳум байни Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон оид ба ашёи хоми муҳим истиқбол карданд.

  • Эъломияи нияти Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказиро оид ба ашёи хоми муҳим барои тасдиқи омодагӣ ба ҳамкориҳои амиқтар бо ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд. Харитаи роҳ барои солҳои 2025-2026 мувофиқи Ёддошти тафоҳум байни Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистон оид ба ашёи хоми муҳими, батареяҳо ва гидрогени сабз тасдиқ шудааст.

  • Имзои чаҳор Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Бонки сармоягузории Аврупо бо шарикон дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол карданд, зеро ин созишномаҳо барои нақлиёти устувор, идоракунии об, манзили каммасраф ва устувории иқлим то 365 миллион евро дастрас хоҳанд кард.

  • Эълони Бонки сармоягузории Аврупо ва Туркманистон дар бораи оғози музокирот оид ба созишномаи чаҳорчӯбаро истиқбол карданд, ки ба БСА имкон медиҳад, ки фаъолияти худро дар кишвар оғоз кунад.

  • Ифтитоҳи Форуми иқлимии имрӯзаро дар Самарқанд бо иштироки раисони Шӯрои Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ истиқбол карданд, ки ин як қадами муҳим дар дастгирии ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба устувории экологӣ, рушди иқтисоди сабз ва суботи иқлим хоҳад буд.

Мустаҳкам намудани робитаҳои байни одамон ва ҳаракат

Иштирокчиён:

  • Уҳдадориҳои худро ҷиҳати афзудани кӯшишҳои муштарак бо мақсади амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ ва такмили малакаҳо тасдиқ карданд.

  • Вохӯриҳои солонаи муовинони вазирони маориф ва шуғли аҳолӣ дар чаҳорчӯби барномаи DARYA барои солҳои 2023 ва 2024 истиқбол карданд.

  • Форуми дарпешистодаи занони пешвоёни Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар Туркманистон дар соли 2025 истиқбол карданд, ки ҳамчун як платформаи муҳим барои тавонмандсозии занон дар минтақа бо ташаббуси Иттиҳоди Аврупо ва Туркманистон ташкил карда мешавад.

  • Ҳамкориҳои хуб дар чаҳорчӯби барномаи омӯзишӣ барои дипломатҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2024 истиқбол намуда, ӯҳдадории доимии Иттиҳоди Аврупо барои таҳияи ташаббусҳои мушаххаси минбаъда оид ба омӯзиши муштарак изҳор намуданд.

  • Ҷонибдории худро ҷиҳати таҳкими саъю кӯшиши муштарак дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои барномаҳои Эразмус+ ва Horizon Europe, инчунин мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи таҳсилоти аврупоӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ тасдиқ намуданд.

  • Ӯҳдадории худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкорӣ дар рушди сайёҳии устувор, аз ҷумла мутобиқи қатъномаи 74/214 Ассамблеяи Генералии СММ аз 19 декабри соли 2019 «Сайёҳии устувор ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, тасдиқ карданд.