Барномаи Иттиҳоди Аврупо кишварҳои Осиёи Марказиро барои пешбурди рушди лоиҳаҳои шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи нақлиёт тақвият медиҳад

 

Дар доираи Барномаи рушди иқтидори Долони нақлиёти Транскаспӣ (TCTC), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, «Expertise France» рӯзҳои 14-15 октябри соли 2026 дар Душанбе вохӯрии намояндагони мақомоти шарикии давлат ва хусусиро аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидат ба сармоягузорӣ дар инфрасохтори стратегӣ ташкил намуд.

Пас аз иштирок дар Форуми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, ки 14 октябр баргузор гардид, ҳайатҳо дар семинари махсуси минтақавӣ оид ба масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусие, ки аз ҷониби «Expertise France» 15 октябр ташкил шуда буд, ширкат варзиданд. Дар рафти муҳокимаҳои интерактивӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои амалӣ, иштирокчиён равишҳои миллиро пешниҳод намуда, лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторро қайд карданд ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти умумиро дар омодасозӣ, маблағгузорӣ, идоракунии хатарҳо ва гуфтушунидҳо оиди лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро муҳокима намуданд.

"Бори аввал намояндагони мақомоти шарикии давлат ва бахши хусусии ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи вазъи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва шароити татбиқи онҳо дар кишварҳои худ, мубодилаи таҷриба ва омӯхтан аз ҳамдигар мулоқот намуданд. Дар доираи лоиҳаи худ, мо нақша дорем, ки семинарҳои монандро таври мунтазам барои тақвияти мубодилаи касбӣ ва ҳамкории минтақавӣ баргузор намоем", - қайд кард Ян Блинка, Роҳбари гурӯҳ аз «Expertise France».

Ин семинар инчунин ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ барои иштироки ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорабинии «Paris InfraWeek», ки моҳи ноябри соли 2026 баргузор мешавад, хизмат кард, зеро дар он мансабдорони баландпояи мақомоти давлатӣ метавонанд лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторро муаррифӣ намоянд, бо сармоягузорони эҳтимолӣ ва муассисаҳои молиявӣ мустақиман муошират кунанд ва шарикиҳои навро барои ҷалби сармоягузории хусусӣ ба минтақа муҳокима намоянд.

Тавассути ин ташаббус, «Expertise France» ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузариш аз афзалиятҳои инфрасохторӣ ба лоиҳаҳои омода барои сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори ниҳодӣ, ҳавасмандгардонии иштироки бахши хусусӣ ва дастгирии пайвасти устувортару самараноктар дар масири «Долони нақлиётии Транскаспӣ» тибқи стратегияи «Global Gateway»-и Иттиҳоди Аврупо кумак мерасонад.

Барномаи рушди иқтидори Долони нақлиётии Транскаспий бо маблағгузории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва ҳукуматҳои Олмон ва Фаронса, аз ҷониби ташкилотҳои GIZ ва Expertise France  амалӣ карда мешавад.

Варақаи иттилоотӣ оид ба барномаи рушди иқтидори Долони нақлиётии Транскаспий (TCTC):