DESIGN DAYS EXPO дар доираи Форуми минтақавии соҳибкории занон

13.12.2019

DESIGN DAYS EXPO дар доираи Форуми минтақавии соҳибкории занон

Banner

 

Лоиҳаи NICE-TAK, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва бо ҳаммаблағгузории муштараки Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ амалӣ мешавад, дар Форуми ҳарсолаи минтақавии соҳибкории занон ва ташкили DESIGN DAYS EXPO, ки ҳафтаи аввали моҳи ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency, Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат кард.

 

Форуми минтақавии соҳибкории занон ва DESIGN DAYS EXPO 2019 - ба натиҷаҳои солҳои пеш ва ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақа, равона карда шудааст. Ин қарор ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" мувофиқат мекунад. Ҳамин тариқ, Форум ба муайянсозӣ ва мустаҳкамкунии барномаҳои рушди соҳибкории занон дар минтақаҳои деҳоти Осиёи Марказӣ тавассути дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми равона карда шуда буд.

 

Дар доираи форум мизи мудаввар дар мавзӯи "Рушди тиҷорати ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ: аз стандартикунонии маҳсулот то фурӯш" бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарт баргузор гардид. Иштирокчиён оиди масъалаҳои холати кунунӣ ва роҳҳои рушди ҳунармандӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва баромади он то истеъмолкунандаи ниҳоӣ, суханронӣ намуданд. Точикстандарт дастурамали стандартизатсияи ҳунармандиро пешниҳод кард, ки интишори он бо дастгирии лоиҳаи NICE-TAK амали карда шуд.

 

Барномаи рӯзи дуюми форум ҷаласаҳои гуногуни мастер-классҳои кушода оид ба рушди соҳибкории гендерӣ, рохбарият, баланд бардоштани сифати маҳсулоти соҳаи ҳунармандиро дарбар гирифт. Ғайр аз ин, коршиноси NICE-TAK, ки дар Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок мекунад, ба ҷонибҳои манфиатдори тоҷик ҳуҷҷати барномавӣ оид ба чӣ гуна Гурӯҳи корӣ бо дастгирии лоиҳаи NICE-TAK ба ду минтақаи Қирғизистон барои гирифтани ҷоизаи Шӯрои Чаҳонии Хунармандон " Шаҳри ҳунармандон ” ёри расонд, пешниҳод намуд.

 

Намоиш ва фурӯши DESIGN DAYS EXPO 2019, ки кори дизайнерҳо ва ҳунармандони панҷ кишвари Осиёи Марказиро муаррифӣ карда буд, аз ҷумла такдими коллексияи нави иштирокчиёни Мактаби бизнеси дизайн ва ҳунарҳои мардумии лоиҳаи NICE-TAK меҳмононро бо маҳсулотҳои сифатнок ва рангоранг ба ваҷд овард. Дар рӯзҳои Форум, дарҳои намоиш барои ҳамаи меҳмонон аз соати 09.00 то 18.00 боз буд.

 

Лоиҳаи NICE-TAK “Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохил мешаванд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии итолиёии CESVI, Бизнес Клуби Бишкек (БКБ), Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ), Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиуми мазкурро ташкилоти ғайридавлатии олмонии sequa gGmbH идора мекунад.

 

Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, диққати махсус ба рушди соҳаи ҳунармандӣ нигаронида шудааст. Ин мақсад тавассути бунёди иқтидор ва дастгирии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав дар Точикистон ва Қирғизистон ба даст оварда мешавад.

 

Маълумоти муфассалро дар сайти расмии чорабинӣ www.WBF.tj  пайдо кардан мумкин аст.

 

Барои маълумоти иловагӣ тамос гиред:

Насиба Аминова – Директори иҷроия АМСХМ, раками телефон: (+99293) 460 0053, суроғаи электронӣ: nasibakhon@mail.ru