"Global Gateway"-и Иттиҳоди Аврупо амнияти энергетикии Тоҷикистонро бо нерӯгоҳи нави барқи обии “Себзор” баланд мебардорад

Имрӯз "Global Gateway" бо ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”  ба марҳалаи нав расид, ки дастрасии беш аз 430 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Тоҷикистон ва Афғонистонро ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва дастрас беҳтар менамояд.

 

Имрӯз "Global Gateway" бо ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”  ба марҳалаи нав расид, ки дастрасии беш аз 430 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Тоҷикистон ва Афғонистонро ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва дастрас беҳтар намуда, хатари қатъи барқ ​​бар асари офатҳои табиӣ коҳиш дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис мекунад ва даромади аҳолии маҳаллӣ фароҳам меорад. Илова бар ин, инфрасохтори стратегии энергетикӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ карда мешавад, барои пешбурди электриконидани деҳот оғоз ёфт. Ифтитоҳи он таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки шарикони калидии байналмилалии рушд баргузор гардид.

 

Йозеф Сикела, Комиссари Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, қайд намуд: “Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” ҳамчун як ҷузъи стратегияи сармоягузории "Global Gateway"-и Иттиҳоди Аврупо як намунаи хуби он аст, ки чӣ гуна лоиҳаи инфрасохтори устувор тамоми минтақаро дар саросари Тоҷикистон такмил медиҳад ва дастрасии мардуми Афғонистонро ба нерӯи барқ ​​таъмин мекунад. Он амнияти барқиро тақвият медиҳад, имкониятҳоро барои ҷамоатҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон фароҳам меорад, ба рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд ва саломатии инсон ва муҳити зистро ҳифз мекунад. Хеле шодам, ки имсол ба Тоҷикистон сафар доштам ва иқтидори шарикии амиқи моро барои арзиши иловагӣ, қарорҳои мутақобилан судманд ва таҳкими робитаҳои ҳарду минтақаро дида тавонистам”.

 

Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” 

Лоиҳа як қисми ӯҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии гузариш ба энергетикаи сабз дар Тоҷикистон ва берун аз он, бахусус дар минтақаи таърихан камтаъмини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии дарёӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, иқтидори муқарраршуда 11 мегаватт дорад. Он метавонад дар як сол зиёда аз 76 миллион киловатт-соат нерӯи тоза ва барқароршавандаро тавлид намояд ва ҳар сол аз ихроҷи зиёда аз 45 000 тоннаи метрик гази карбон (CO₂) пешгирӣ кунад. Нерӯгоҳи барқӣ барои баланд бардоштани эътимоднокии таъмини нерӯи барқ ​​дар тамоми ВМКБ бо шабака ҳамоҳанг карда шудааст ва инчунин ба содироти фаромарзии нерӯи барқ ​​ба шимоли Афғонистон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии “Себзор”  ба таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ (ESG) мувофиқ буда, эътирофи байналмилалӣ ба сифати аввалин лоиҳа дар ҷаҳон, ки тибқи Стандарти устувории гидроэнергетика тасдиқ шудааст, пайдо кардааст.

 

Sebzor HPP Launch in Tajikistan

Дар доираи лоиҳаи “Себзор”  ҳамчунин маросими ифтитоҳи як мактаби миёнаи умумии нав барои 240 хонанда дар деҳаи Барҷангал баргузор гардид. Лоиҳа инчунин тавассути Барномаи барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ, ки соҳибкорӣ ва рушди ҷомеаро дастгирӣ мекунад, манфиатҳои васеъ фароҳам меорад. Он инчунин инфрасохтори фароғатӣ ва мактаби навро дар доираи Нақшаи амалиёти кӯчонидани аҳолӣ маблағгузорӣ мекунад, ки ҷамоатҳоро дар саросари минтақа мепайвандад.

Лоиҳа дар чаҳорчӯби равиши «Тими Аврупо» аз ҷониби Ҳукумати Олмон, Иттиҳоди Аврупо тавассути Бонки Рушди KfW маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Ширкати «Помир Энерҷӣ» амалӣ карда мешавад.

 

Бо нерӯ таъмин намудани деҳот

Инфрасохтори муҳими энергетикӣ, ки имрӯз низ ба истифода дода шуд, кишварро ба анҷом додани шабакаи минтақавии барқ ​​наздик мекунад. Интизор меравад, ки он тақрибан 300 ҳазор нафар, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳоро бо нерӯи барқ ​​таъмин намуда, хароҷотро коҳиш медиҳад.

Дар рафти чорабинӣ ду марҳилаи муҳим таъкид карда шудаанд:

  • Ба кор андохтани зеристгоҳи "Ҷангал" 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ва 53 километри хати интиқоли барқи дузанҷираи "Хоруғ-Вомар" 110 ва 35 кВ;

  • Маросими гузоштани таҳкурсии зеристгоҳи "Қозидеҳ" 110/35 кВ дар ноҳияи Ишкошим ва 42 километри хати интиқоли барқи дузанҷираи Вомар-Вознавд 110 ва 35 кВ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон тавассути Бонки KfW ва Хазинаи "ПАТРИП" маблағгузорӣ карда шуда, тавассути Бунёди Оғохон (Бритониё) равона карда мешавад. Лоиҳаро Ширкати “Помир Энерҷӣ” амалӣ мекунад.

Jangal Substation launch in Tajikistan, Rushan

Маълумот

"Global Gateway" пешниҳоди мусбии Иттиҳоди Аврупо барои коҳиш додани нобаробарии сармоягузории ҷаҳонӣ ва густариши робитаҳои оқилона, тоза ва бехатар дар бахшҳои рақамикунонӣ, энергетика ва нақлиёт, инчунин таҳкими системаҳои тандурустӣ, маориф ва тадқиқот мебошад.

Стратегияи "Global Gateway" равиши Тими Аврупоро дар бар гирифта, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои аврупоиро оид ба маблағгузории рушд муттаҳид мекунад. Якҷоя, мо ният дорем, ки аз соли 2021 то 2027 то 300 миллиард евро сармоягузории давлатӣ ва хусусиро сафарбар кунем, на вобастагӣ, балки робитаҳои заруриро эҷод намоем, ва тафовути глобалии сармоягузориро бартараф кунем. 

Шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон