«Global Gateway» дар Осиёи Марказӣ: Мавриди диққати ташрифи Комиссар Сикела лоиҳаҳои муштараки рушд қарор хоҳанд гирифт

Аз 12 то 18 март Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, барои таҳкими шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар пешорӯи Саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва тавсеаи «Global Gateway», стратегияи сармоягузории Иттиҳоди Аврупо барои афзоиши ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рушди устувори иқтисодӣ, ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ташриф меоварад.

Комиссар Сикела гуфт:  

“Осиёи Марказӣ шарики муҳими Иттиҳоди Аврупост ва ҳамкории мо барои оянда иқтидори бузург фароҳам меорад. Мушкилоти глобалии кунунӣ зарурати шарикии мустаҳкамро беш аз пеш таъкид мекунанд ва кӯшиш мекунам маҳз ҳаминро ман дар давоми ташрифи худ мустаҳкам кунам. Ҳадафи ман диққат додан ба лоиҳаҳои калидӣ дар доираи «Global Gateway» мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва шарикони Осиёи Марказӣ бо мақсади фароҳам овардани ҷойҳои кории босифат, имкониятҳои нави тиҷорат ва беҳбуди хизматрасониҳои муҳим – аз маориф то инфрасохтори муосир - якҷоя пешбарӣ мешаванд"

Мавриди диққати сафари Комиссарро самтҳои афзалиятноки асосии «Global Gateway» дар Осиёи Марказӣ қарор мегиранд:

  • нақлиёт, бо таваҷҷӯҳи хоса ба рушди долони нақлиётии Транс-Каспӣ барои кӯтоҳ сохтани муддати сафар ва инкишофи тиҷорат;

  • ашёи хоми муҳим барои пешбурди таҷрибаи пешқадам, ҷойҳои нави корӣ ва устувории иқтисодӣ;

  • пайвастшавии рақамӣ барои бартараф кардани нобаробарии рақамӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба интернети бехатар ва баландсуръат;

  • бахши об, энергетика ва иқлим, аз ҷумла лоиҳаи флагманӣ оид ба дастгирии сохтмони инфрасохтори устувор барои мусоидат ба дастрасӣ ба энергияи боэътимод, дастрас ва тоза.

Дар ҷараёни сафари худ Комиссар як қатор қарордодҳои марбут ба чаҳор самти афзалиятноки дар боло зикршударо имзо мекунад.

Сафари Комиссар аз Туркманистон оғоз мешавад, ки дар он ҷо ӯ бо раҳбарияти ҳукумат ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот хоҳад кард. Комиссар инчунин аз бандари Туркманбошӣ, нуқтаи стратегии рушди долони нақлиётии Транс-Каспӣ, боздид менамояд.

Дар Қазоқистон Комиссар бо мақомоти баландпояи ҳукумат мулоқот мекунад, дар маросими имзои созишномаҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва ашёи хоми муҳим, нишасти матбуотӣ иштирок мекунад, инчунин бо намояндагони соҳибкории Қазоқистон ва Аврупо мулоқот мекунад.

Дар Тоҷикистон Комиссар дар як чанд мулоқот бо раҳбарияти ҳукумат иштирок мекунад. Пас аз он маросими имзои лоиҳаҳои муҳим оид ба дастгирии гузариш ба энергияи сабз ва занҷири арзиши пахта баргузор мешавад. Рӯзи дигар Комиссар аз мавзеи муҳим — Нерӯгоҳи барқию обии Роғун - боздид менамояд.

Комиссар дар Қирғизистон бо мақомоти баландпояи ҳукумат мулоқот мекунад ва дар маросими имзои лоиҳаҳо оид ба захираҳои об, энергетика, нақлиёт ва рушди инсон иштирок хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин бо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар кишвар имконоти сармоягузорӣ баррасӣ хоҳад кард. Яке аз мавзӯъҳо дастгирии эҳтимолӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 хоҳад буд. Илова бар ин, Комиссар бо намояндагони ҷавонон ва СММ сӯҳбат хоҳад кард.

Комиссар сафари худро дар Ӯзбекистон бо мулоқот бо мақомоти баландпояи ҳукумат ба анҷом медиҳад. Ӯ аз Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалик боздид намуда, инчунин бо намояндагони соҳибкории Ӯзбекистон ва Аврупо вомехӯрад. Рӯзи дигар ӯ дар маросими имзои лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи алоқаи рақамӣ иштирок хоҳад кард.

Боздид дар рӯҳияи ташаббуси «Team Europe» сурат мегирад: муассисаҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, инчунин бахши хусусии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узв, ки дар минтақа ҳузур доранд, дар рафти ташриф дар марҳилаҳои гуногун ширкат хоҳанд варзид. Нахустин Саммити дарпешистодаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар аввали моҳи апрел баргузор мешавад, ва Форуми «Global Gateway» дар моҳи июн ӯҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро барои ноил шудан ба таъсири дарозмӯҳлат боз ҳам тақвият хоҳанд дод.

 

Маълумот

«Global Gateway» - пешниҳоди мусбати Иттиҳоди Аврупо барои коҳиш додани нобаробарии ҷаҳонии сармоягузорӣ ва инкишофи робитаҳои оқилона, тоза ва бехатар дар бахшҳои рақамӣ, энергетика ва нақлиёт, инчунин таҳкими системаҳои тандурустӣ, маориф ва тадқиқот мебошад.

Стратегияи «Global Gateway» равиши «Team Europe» (Тими Аврупо)-ро дар бар мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои аврупоии молиявии рушдро муттаҳид мекунад. Якҷоя мо ният дорем, ки аз соли 2021 то 2027 то 300 миллиард евро сармоягузории давлатӣ ва хусусиро бо эҷоди на ин ки тобеият, балки робитаҳои муҳим, ва бартараф кардани тафовути сармоягузории ҷаҳонӣ сафарбар кунем.