Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Нахустин Муколамаи зиддитеррористӣ дар Душанбе

10.07.2025 EEAS Press Team

Рӯзи 10 июл Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, нахустин Муколамаи зиддитеррористиро баргузор намуданд.

Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои баррасии як қатор масъалаҳои зиддитеррористӣ, аз ҷумла арзёбии таҳдиди террористиро дидор кард.

Онҳо инчунин самтҳои ҳамкориҳои мушаххас, аз ҷумла мубориза бо тундгароӣ, таъқиб, офиятбахшӣ ва азнавшомилгардонии бозгаштагон дар ҷомеа ва чораҳои мубориза бо таблиғоти зӯроваронаи онлайнро баррасӣ намуданд.

Иттиҳоди Аврупо ва шарикони Осиёи Марказӣ ҳамчунин ҳамкориро бо кишварҳои сеюм, аз ҷумла дар форумҳои бисёрҷониба, муҳокима карданд.

Иттиҳоди Аврупо аз аҳамияти пайвастани чораҳои зиддитеррористӣ бо принсипҳои волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон ёдовар шуд.

Иттиҳоди Аврупо аз музокироти судманд ва созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд. Муколамаи навбатӣ дар Брюссел баргузор хоҳад шуд.

Anitta Hipper
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 2 298 56 91
+32 (0) 460 76 14 21
Xavier Cifre Quatresols
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 29 73582
+32 (0)460 75 51 56
Pedro FONSECA MONIZ
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 291 38 76
+32 (0)460 76 14 96