Иттиҳоди Аврупо - Тоҷикистон: Ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкорӣ дар Брюссел баргузор шуд

28.11.2023
Брюссел, Белгия
EEAS Press Team

27 ноябр дар Брюссел ҷаласаи даҳуми ҳамасолаи Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Мулоқот дар фазои ошкоро ва созанда сурат гирифт, ки инъикосгари таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мебошад.

Дар Кумитаи ҳамкорӣ вазъи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ба масъалаҳои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, захираҳои об, муҳити зист, энергетика, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дахл карданд.

Ҷонибҳо дар бораи музокироти ҷараёндошта оид ба Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA), ки аввали соли ҷорӣ оғоз шуда буд ва дархости Тоҷикистон барои иштирок дар низоми якҷонибаи бебоҷ дар доираи Нақшаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) табодули назар карданд. Ҳарду тараф ба ин иқдомҳои муҳим ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои нав ва афзоиши мизони ҳамкориҳо баҳои баланд доданд.

Иттиҳоди Аврупо пуштибонии доимии худро аз раванди ислоҳот дар Тоҷикистон таъйид карда, ҳамзамон бар зарурати беҳбуди рӯзномаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдии кишвар таъкид намуд. Иттиҳоди Аврупо тақозо кардааст, ки он ба тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, бахусус дар бораи озодии иттиҳодияҳо, ҷамъомадҳои осоишта, озодии баён, озодии ВАО ва озодии дин ва эътиқод мутобиқ карда шавад.

Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо аз қабули нахустин Стратегия ва Нақшаи амал оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, ба татбиқи пурраи он ва ҷалби минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сиёсӣ даъват намуд. Иттиҳоди Аврупо аз боздошти ҳомиёни ҳуқуқи инсон, хабарнигорони мустақил ва блогерҳо изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуд, то ҳама гунаҳгорони нақзи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба ҷавобгарӣ ва адолат кашида шаванд.

Дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи рушд, Иттиҳоди Аврупо дар бораи барномаи дастгирии буҷет ва ду Ташаббуси Гурӯҳи Аврупо (TEI) оид ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим ва пайвасти рақамӣ гузориш дод. Имсол ду барномаи муҳими минтақавии Иттиҳоди Аврупо, ки Тоҷикистон баҳраманд аст, 20 солагии амалиёти хешро қайд менамоянд: Барномаи идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP). Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба нақши фаъолтар дар барномаи ҳамкориҳои илмии Horizon Europe ташвиқ намуда, изҳори умедворӣ аз он кард, ки дафтари миллии Эразмус+ дар Душанбе дар ояндаи наздик фаъол хоҳад шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла COP28, авзоъ дар Афғонистон ва ҷанги таҷовузи ғайриқонунии Русия алайҳи Украина табодули афкор карданд. Иттиҳоди Аврупо дар бораи чораҳои маҳдудкунанда алайҳи Русия ва кӯшиши канорагирӣ аз онҳо хабар дод. Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ташвиқ намуда, аз нақши созандаи он дар густариши ҳамкорӣ дар минтақа ва берун аз он, бахусус дар бозори минтақавии нерӯи барқ ​​истиқбол мекунад. Нақши муҳими Тоҷикистон дар СММ дар соҳаи дипломатияи об ва мубориза бо тағйири иқлим зикр гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои амният, аз қабили мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва одамонро баррасӣ карданд.

Кумитаи ҳамкориро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Люк Девин, Муовини директори иҷроияи Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, ва аз ҷониби Тоҷикистон - ҷаноби Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо раисӣ намуданд.

Peter Stano
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)460 75 45 53
Josephine MOREAU
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy