Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон: дар Брюссел ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкорӣ баргузор гардид

23.06.2026 EEAS Press Team

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2026 ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкориро баргузор намудаанд. Ҳар ду тараф оиди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, таҳаввулот ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкории иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузориҳои Global Gateway, захираҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқлим, инчунин вазъи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва идоракунии хубро баррасӣ намуданд. Дар муҳокимаҳо инчунин таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар бораи ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина ва мушкилоти кунунии геополитикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо инчунин омодагӣ барои баимзорасии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро бо мақсади ба итмом расонидани ин раванд дар ояндаи наздик баррасӣ намуданд. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки созишномаи нав муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нави назаррас хоҳад бардошт.

Иттиҳоди Аврупо аз рушди минбаъдаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон истиқбол намуда, ӯҳдадории худро ба пешбурди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ бори дигар таъкид намуд. Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро аз субот ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи он дар татбиқи ислоҳот тасдиқ намуд.

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкориро хонум Одроне Перкаускене, Муовини директори Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, ва ҷаноби Аҳлиддин Нуриддинзода, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраисӣ намуданд.