Тоҷикистон: Изҳороти сухангӯй оиди сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

10.10.2025 EEAS Press Team

Қатъи назар аз фармони Суди байналмилалии ҷиноӣ (СБҶ) оиди боздошташ, Президенти Русия дар Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон давлати узви Низомномаи Рими Суди байналмилалии ҷиноӣ мебошад ва ӯҳдадориҳои худро тибқи Низомнома оид ба иҷрои фармони боздошт иҷро накардааст.

Суди байналмилалии ҷиноӣ фармони боздошти Владимир Путинро барои ҷиноятҳои байналмилалӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба ихроҷи ғайриқонунӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои муваққатан ишғолшудаи Украина дар заминаи ҷанги таҷовузкоронаи ӯ алайҳи Украина, содир кардааст.

Иттиҳоди Аврупо пуштибонии қатъии худро барои таъмини ҷавобгарӣ барои ҳама ҷиноятҳо дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ, нақзи ҳуқуқи инсон ва сӯиистифодаи он дар натиҷаи ҷанги таҷовузкоронаи Русия, инчунин ҳуқуқи ҷабрдидагон ба адолати судӣ, ҷуброни зарар ва кафолати такрор нашудани чунин амалҳо изҳор мекунад. Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо дастгирии тафтишотро аз ҷониби Прокурори Суди байналмилалии ҷиноӣ дар Украина идома медиҳад ва тамоми давлатҳоро ба ҳамкорӣ даъват мекунад.

Иттиҳоди Аврупо пуштибонии устувории худро аз Суди байналмилалии ҷиноӣ ва истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тақсимнопазирии арзи Украинаро дар доираи сарҳадҳои эътирофшудаи байналмилалии он тасдиқ мекунад.

Anitta Hipper
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 2 298 56 91
+32 (0) 460 76 14 21
Pedro FONSECA MONIZ
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 291 38 76
+32 (0)460 76 14 96