Ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон ҷаласаи нӯҳуми худро рӯзи ҷумъа, 19 феврал бо сабаби маҳдудиятҳои сафар дар пандемияи коронавирусӣ тавассути видеоконфронс байни Брюссел, Лиссабон ва Душанбе баргузор намуд. Ҷаласаро аз номи ҷаноби Хосеп Боррелл Фонтелес, намояндаи олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният, ҷаноби Аугушту Сантуш Силва, Вазири давлатии корҳои хориҷии Португалия, роҳбарӣ кард. Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии кишвар роҳбарӣ намуд.
Шӯрои ҳамкорӣ рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаро арзёбӣ намуда, рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ, инчунин масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ кард.
Ҳарду ҷониб таъсири пандемияи COVID-19-ро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, вазъи иқтисодӣ ва осебпазирии иҷтимоиро баҳогузорӣ карданд, то Иттиҳоди Аврупо дурнамо ва ҳадафҳои ҳамкориҳои рушдро барои ҳалли эҳтиёҷоти муҳимтар ва омилҳои хавф мутобиқ созад. Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии молиявӣ дар давраи бӯҳрони пандемия ва барқароршавӣ изҳори ташаккур намуд.
Шӯрои ҳамкорӣ инчунин масъалаҳои идоракунии самаранок, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ кард. ИА бо такя ба гузоришҳои ниҳоии ҳайатҳои САҲА/ДИДҲБ оид ба арзёбии интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 аз Тоҷикистон даъват кард, ки эътибори дастовардҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла иштироки сиёсӣ баланд бардорад. Тақвият додан ба таҳаввулоти мусбат, аз ҷумла ба қайди ҷиноят ҳисоб шудани қарибулвуқӯи хушунати хонаводагӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳим дар заминаи кӯшишҳои Тоҷикистон барои шомил шудан ба нақшаи имтиёзҳои GSP + муҳим хоҳад буд.
Иттиҳоди Аврупо бори дигар дастгирии худро ба Тоҷикистон дар раванди ислоҳот ва талошҳояш барои беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ тасдиқ кард. Дастовардҳои кумаки дуҷонибаи рушд, ки ба Тоҷикистон расонида шуданд, аз ҷумла дар се бахши муҳими тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот баррасӣ шуданд. ИА мақомоти Тоҷикистонро ба пурзӯр кардани равандҳои ислоҳот даъват кард, машваратҳои ҷории ҷамъиятиро оид ба Кодекси нави андоз истиқбол кард, аҳамияти сиёсати макроиқтисодии ба субот нигаронидашуда ва пешрафти минбаъдаро дар идоракунии молияи давлатӣ ҳамчун роҳҳои беҳтар намудани муҳити тиҷорат ва ҷалби сармояи хориҷӣ бо потенсиали ҳалли инноватсионӣ, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқарорсозии беҳтар тасдиқ намуд. Татбиқи бомуваффақияти механизми GSP + иқтидори афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистон ва ИАро сафарбар мекунад.
Ҷонибҳо дар бораи таҳаввулоти сиёсии минтақа мубодилаи афкор карданд ва ИА нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои об, энергетика ва амният, аз ҷумла талошҳои Тоҷикистон дар самти субот дар Афғонистонро истиқбол кард. Иттиҳоди Аврупо нақши созандаи Тоҷикистонро дар СММ дар робита бо дипломатияи об ва тағирёбии иқлим қобили писандидан қабул намуд.