Ҷумҳурии Қирғизистон/Тоҷикистон: Изҳороти Намояндаи олӣ/Муовини президент Кайа Каллас оиди имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ
Иттиҳоди Аврупо аз имзои Шартномаи ниҳоии сарҳадӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамояд.
Ин як лаҳзаи муҳим ва қадами бузург ба пеш аст, ки дар муколама ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо асос ёфтааст. Шартнома устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод.
Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкориҳои минтақавӣ, ки бар пояи худ асос ёфтааст, пуштибонӣ мекунад ва омода аст, ки иҷрои шартномаро дар доираи Стратегияи Осиёи Марказӣ ва Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дастгирӣ намояд.