Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ: 13-умин Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсиву амниятӣ дар Брюссел
16 июл Иттиҳоди Аврупо ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон - дар Брюссел ҷаласаи 13-уми Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсиву амниятиро баргузор намудаанд.
Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории худро барои тақвияти шарикии стратегии худ бо Осиёи Марказӣ бар асоси Харитаи муштараки роҳи амиқсозии робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (аз моҳи октябри соли 2023) ва аввалин Саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли 2025 баргузор гардид, бори дигар тасдиқ намуд. Иттиҳоди Аврупо инчунин аҳамияти тақвияти устуворӣ тавассути идоракунии хуб, волоияти қонун, ниҳодҳои масъул ва ҳисобдиҳанда ва рушди иқтисодии фарогир, инчунин зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳои Оинномаи СММ ва эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзиро таъкид намуд.
Ин мулоқот имкон дод, ки таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги таҷовузкоронаи Русия бар зидди Украина, вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҷонибҳо аз афзоиши ҳамкории сиёсӣ истиқбол намуда, ба мувофиқа расиданд, ки талошҳоро барои ҳалли мушкилоти умумии амниятӣ ҳамчун самти калидии шарикии васеътари худ идома диҳанд. Онҳо инчунин аз ҳамкории доимӣ дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки идоракунии сарҳад, мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва тақвияти амнияти кибериро дастгирӣ мекунанд, истиқбол намуданд. Дастрасии устувори нақлиёт, долонҳои бехатари нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ ва гузариши рақамӣ барои устуворӣ ва шукуфоии минтақавӣ ҳамчун масъалаҳои торафт муҳимтар эътироф шуданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Олоф Скуг, Муовини котиби генералӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, бо иштироки Арман Иссетов, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Идибек Қаландар, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмад Гурбонов, Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон, Музаффарбек Мадраҳимов, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Айдит Эркин, Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон назди Иттиҳоди Аврупо, баргузор гардид.