Дар саросари Аврупо тариқи низоми нави вуруд ва хуруҷи аврупоӣ сафар кунед

Низоми вуруд ва хуруҷ (EES), ки моҳи октябри соли 2025 ба кор андохта мешавад, як системаи назорати сарҳадии биометрӣ барои сайёҳон ба 29 кишвари минтақаи Шенген мебошад, ки сафари шаҳрвандони хориҷиро ба кишварҳои аврупоӣ осонтар мегардонад.

 

Ба наздикӣ: Назорати такмилёфтаи сарҳадӣ барои сайёҳон дар саросари Аврупо

Низоми Аврупоии вуруд ва хуруҷ - низоми назорати сарҳадӣ барои шаҳрвандони кишварҳои ғайри-узви Иттиҳоди Аврупо, ки ба минтақаи Шенген, ки аз 29 кишвари Аврупо иборат аст, барои боздидҳои кӯтоҳмуддат ворид мешаванд.

Ин як роҳи самараноктар ва бехатартар кардани сафар ба Аврупо мебошад. Низоми нав 12 октябри соли 2025 ба кор медарояд. Ин маънои онро дорад, ки ҷамъоварии маълумот дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои узв дар ҳамин рӯз оғоз ёфта, низоми вурул ва хуруҷ аз 10 апрели соли 2026 пурра фаъол мегардад.

Худи низоми вуруд ва хуруҷ чист? 

Кишварҳои Шенген, ки 450 миллион нафар аҳолӣ доранд, дар марзҳои худ назорати шиноснома ва марзро аз байн бурданд. Ин барои шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонон як минтақаи озоди ҳаракат байни кишварони узв фароҳам меорад.

Низоми вуруд ва хуруҷ - низоми такмилёфтаи идоракунии сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо буда, асоси сафар дар минтақаи Шенген мебошад.

Низоми вуруд ва хуруҷ барои кӣ пешбинӣ шудааст? 

Низоми вуруд ва хуруҷ барои шаҳрвандони ғайри Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст, ки ба кишварҳои Шенген барои будубоши кӯтоҳмуддат ворид мешаванд. Истисноҳо мавҷуданд. Барои шинос шудан бо рӯйхати пурраи истисноҳо ба сомонаи расмии EES гузаред.

Низоми вуруд ва хуруҷ чӣ кор мекунад?

Низоми вуруд ва хуруҷ - назорати сарҳадӣ дар марзи берунии Иттиҳоди Аврупо/минтақаи Шенген мебошад. Ҳадафи он тезонидани назорати сарҳад ва баланд бардоштани амнияти дохилӣ мебошад. 

Низоми вуруд ва хуруҷ кадом маълумотро талаб мекунад? 

Низоми вуруд ва хуруҷ маълумотеро, ки аллакай дар ҳуҷҷати сафари шумо мавҷуд аст, аз ҷумла рӯз ва макони ҳар як воридот ва баромад, инчунин маълумоти биометрӣ ҷамъ меорад. Ин маълумот назорати сарҳадро самараноктар ва бехатартар мегардонад. 

Маълумоти муфассал