THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Ҷаласаи Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, 4-уми октябри соли 2016

04.10.2016
Teaser

European Union - Central Asia Ministerial Meeting, 4 October 2016

Text

Имрӯз дар шаҳри Брюссел Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният/Ноиб-президенти Комиссияи Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ ва Комиссари Аврупо оид ба масоили ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ ҷаноби Невен Мимитса бо Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон – ҷаноби Ерлан Идрисов, Қирғизистон – ҷаноби Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон – ҷаноби Сироҷидин Аслов, Туркманистон – ҷаноби Рашид Мередов ва Ӯзбекистон – ҷаноби Абдулазиз Комилов дар чаҳорчӯбаи 12–ум Вохӯрии Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом доданд.

 

«Осиёи Марказӣ дар мобайни Аврупо ва Осиё воқеъ буда, барои Иттиҳоди Аврупои мо хело муҳим аст. Имкониятҳои истифоданашуда хело зиёданд чи дар соҳаи сармоягузорӣ ё тиҷорат ва чи дар бунёди инфрасохтор ё равобти шахсӣ миёни мардуму шаҳрвандони мо», гуфт Намояндаи Олӣ/Ноиб-президент Федерика Моғеринӣ ва афзуд: «Мо бо шарикон дар Осиёи Марказӣ дар бисёр соҳаҳо, аз чумла дар масоили амният, ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Мо ҳамсояҳои муштарак дорем, мо равобити амиқ дорем ва сипас мо дар тавсеа ва густариши муносибатҳои худ боз бештар машғул ҳастем". Комиссар Мимитса гуфт: "Мо барои якҷоя кор кардан ҷиҳати таъмини субот ва рушди иқтисодӣ кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаем". "Имрӯз зимни мулоқот мо рағбати бузурги шарикони Осиёи Марказиямонро баҳри якҷоя ноил шудан ба натиҷаҳое, ки ба ҳамагон фоидаовар хоҳад буд, мушоҳида кардем".

 

Дар ҷаласа асосан рушди муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои байналмилалии манфиати мутақобила, алалхусус, чолишҳо ва таҳдидҳои умумӣ ба сулҳу субот, муҳоҷират, рушди иқтисодӣ, аз он ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои бештар барои шуғли аҳолӣ, дастгирии рушди бахши хусусӣ, ҷавонон ва маориф таҳти муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аҳамияти истифодабарии бештарро аз имкониятҳои мавҷуда дар равобити тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, Намояндаи Олӣ/Ноиб-президент ва ҳам Комиссар иброз доштанд, ки фазои сармоягузории мусоид, аз ҷумла идоракунии хуб, барои сармоягузорони аврупоӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати рушди иқтисод ва бахши хусусӣ лозим аст.

 

Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории қавии худ нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор намуда, рушди босуботу амну устувори ин минтақаро дастгирӣ хоҳад кард. Ӯҳдадории мазкур бо ҷудо карда додани 1 миллиард евро барои ин минтақа ҳамчун кӯмаки молиявӣ дар давраи солҳои 2014-2020 собит мегардад. Ҳама иштирокчиёни ҷаласа якдил шуданд, ки Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2017 аз таҳрири нав мегузарад, имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ натиҷаҳои бештарро ҳосил диҳад. Ба ин мақсад расидан бо истифода аз ду роҳ мумкин аст: яке рушди муносибатҳои дуҷониба бо ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, ки хусусиятҳои алоҳида доранд, ва дигаре - муносибати умумӣ ба ин минтақа бо таваҷҷуҳи махсус ба рушд ва суботи иқтисодӣ.

 

Иштирокчиёни ҷаласа низ ба мувофиқа расиданд, ки дар муҳити мураккаби байналмилалии имрӯза зарур меояд, ки устувории ҷомеаҳоро тавассути идоракунии хуб, аз он ҷумла тариқи ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ, волоияти қонун ва рушди демократия, таҳким бояд кард.

 

Ҷаласаи навбатии вазирони  Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ соли 2017 дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.
 
Маълумоти бештар:

Варақачаи иттилоотӣ дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Қазоқистон

Варақачаи иттилоотӣ дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Қирғизистон

Варақачаи иттилоотӣ дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон

 Варақачаи иттилоотӣ дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Туркманистон

 Варақачаи иттилоотӣ дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Ӯзбекистон

 

 

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Bruxelles

Editorial sections
EEAS
Europe and Central Asia
Central Asia
Kazakhstan
Kyrgyz Republic
Tajikistan
Turkmenistan
Uzbekistan