Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон масоилу мушкилоти мавҷуда ва ислоҳоти заруриро мавриди баррасӣ қарор медиҳад
Душанбе, 11 октябри 2016
11 октябри соли 2016 ҷаласаи панҷуми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Кумитаи ҳамкорӣ бори дигар ҷонибдории тарафҳоро барои таҳкими муносибатҳо дар доираи "Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ" таъкид карда, ҳамчунин аз хусуси пешравиҳое, ки аз 10 июни соли 2015 замони баргузории ҷаласаи 4-уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз ба даст омадаанд, натиҷагирӣ намуд.
Кумитаи ҳамкорӣ бори дигар аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ, ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ изҳор карда, аз иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ин росто истиқбол намуд.
ИА аҳамияти таъмини сулҳу суботи Тоҷикистонро дар муқобили як қатор хатарҳои берунӣ ва дохилӣ таъкид карда, иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини ваҳдати дарозмуддати миллӣ зарур меояд, ки ба изҳори ақидаҳои гуногуни демокративу сиёсӣ имкон дода шавад. Инчунин ИА ёдовар намуд, ки ислоҳоти демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ қисми ҷудонашавандаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Дар Кумитаи ҳамкорӣ, Иттиҳоди Аврупо дастгирии пайвастаи худро ба талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва молиявӣ тасдиқ кард. Он ҳамчунин ӯҳдадориҳои худро дар бобати идома додани рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон бори дигар тасдиқ намуд. Барномаҳои дуҷонибаи рушд бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 251 миллион евро барои солҳои 2014-2020 ислоҳоти соҳаҳои ҳаётан муҳимро, аз қабили рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф, ки барои рушди иқтисодӣ, ривоҷи бахши хусусӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ равона шудаанд, дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳарду ҷониб оиди таъсиси Зеркумита барои рушди ҳамкорӣ омодагӣ изҳор намуданд, ки он бояд самаранокии тафсири афзалиятҳоро дар рушди ҳамкорӣ ва барномаҳои муштарак баланд бардорад.
Билохира, Кумитаи ҳамкорӣ аҳамияти ҳамгироии минбаъдаи Тоҷикистонро ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар мамлакатро бо мақсади ҷалби теъдоди бештари ширкатҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин сармоягузории мустақими хориҷӣ таъкид намуд.
Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ таҳти раёсати Люк Девин, Директори Сарраёсат дар Хадамоти умури хориҷии Аврупо ба ҳайси Роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода сарварӣ намуд.