THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Ифтитоҳи барномаи нави БАТР ва ИА бо арзиши 46,5 миллион доллари ИМА барои деҳқонони Тоҷикистон

18.10.2016
Teaser

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барномаи навро бо арзиши 42 миллион евро (46,5 миллион доллари ИМА) барои дастгирии деҳқонони Тоҷикистон оғоз намуданд. Нахустин транш ба ташкилоти пешрави амонатии қарзии хурд “Авранд” пешниҳод гардид.
Марҳилаи аввали барнома мусоидат барои таҷдид намудани таҷҳизот дар соҳаи кишоварзии аввалияро дар бар гирифта, ТАҚХ “Арванд” нахустин шарики барнома мегардад.

Text

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барномаи навро бо арзиши 42 миллион евро (46,5 миллион доллари ИМА) барои дастгирии деҳқонони Тоҷикистон оғоз намуданд. Нахустин транш ба ташкилоти пешрави амонатии қарзии хурд “Авранд” пешниҳод гардид. 

Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои шуғли асосӣ маҳсуб меёбад, аммо аз маҳсулнокии хеле паст душворӣ мекашад. Барномаи нави таҳкими рақобатпазирии соҳибкории кишоварзӣ (ТРСКТ) дар Тоҷикистон маҳз барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. 

БАТР дар умум 20 миллион евро қарз ва ИА 9 миллион евро барои грантҳои сармоявӣ ва механизмҳои тақсими хавфҳо ҷудо намуда, тасмим гирифааст, ки иловатан боз 800 000 евро барои кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд. Дар ояндаи наздик ҳамроҳшавии боз як бонки рушд ба БАТР ҷиҳати маблағгузорӣ ва амалигардонии барномаи мазкур, ки ба маблағгузории кулл саҳм хоҳад гузошт, дар нақша аст.

Марҳилаи аввали барнома 15 миллион евро маблағро аз ҷониби БАТР барои пешниҳод намудани қарз ба қарзгирандагони ниҳоӣ ва 3 миллион евро барои грантҳои сармоявиро аз ИА дар бар мегирад. Марҳилаи мазкур баҳри мусоидат ба корхонаҳои хурд ва миёна дар соҳаи кишоварзии аввалия бо мақсади таҷдид ва азнав кардани техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, ки бемаҳсул ва кӯҳна шудаанд (аксарияти таҷҳизоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст), равона карда мешавад.

Бо мақсади дастрас намудани қарз ба корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳаи соҳибкории кишоварзӣ дар тамоми кишвар, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои тиҷоратии интихобшудаи Тоҷикистон бо маблағи пешбинишуда таъмин мегарданд, ки 80 фисади маблағгузорӣ ба ноҳияҳои берун аз пойтахти кишвар ш. Душанбе равона карда мешавад.

Директор ва сардори Дафтари БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс гуфт: “Бо сармоягузории дуруст ба коркард, банду баст ва стандартҳои сифат, истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон дорои иқтидори бузург баҳри тавсеадиҳӣ, таъмини сарчашмаҳои рӯзгузаронӣ ва афзоиши содирот мебошад. Барномаи нави маблағгузорӣ – ин ҷадидтарин воситаи БАТР аст ва он ҷиҳати дастгирии ин иқтидор, ки он ба барномаҳои қарзии пешина такя мекунад, ки тавассути шарикони молиявии ватанӣ, машварат барои рушди соҳибкории хурд ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешавад”.

Соҳаи кишоварзӣ беш аз 50 фоизи қувваи кориро дар Тоҷикистон бо кор таъмин мекунад, аммо танҳо чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Соҳаи мазкур танҳо аз якчанд зироатҳо, ба монанди гандум, ҷав, пиёзу сирпиёз вобастагии калон дорад. Барномаи нав ҳамчунин ҳадаф аз он гирифта аст, ки баҳри диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар кишвар ва парвариши меваю сабзавотҳои дигар, истеҳсоли асал ва рушд додани чорводорӣ, азҷумла чорводории ширӣ мусоидат намояд. Аз тарафи мушовирони лоиҳа, Мактаби молия ва идоракунии Франкфурт (Frankfurt School for Finance and Management), ки ИА ва Барномаи ТРСКТ бо онҳо шартнома бастааст, аллакай зербахшҳои мушаххас муайян карда шудаанд.   

Нахустин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки дар чаҳорчӯбаи барнома маблағгузори мегардад, ташкилоти амонатии қарзии “Арванд” мебошад. Ташкилот маблағи баробар ба 2 миллион доллари ИМА-ро бо асъори миллӣ-сомони маблағгузори мегардад. Айни замон, деҳқонон дар бисёр маврид  бо асъори хориҷӣ маблағгузори  мешаванд, бо вуҷуди он, ки даромадро бо пули миллӣ ба даст меоранд ва сабаби чунин ҳолат ин на ҳамавақт дастрас будани маблағгузории миёнамӯҳлати дастрас бо асъори миллӣ дар бозор мебошад.

Ташкилоти амонатии қарзии “Арванд”, ки дорои шабакаи бузурги миллӣ бо марказҳои хизматрасонии бонкии зиёд дар навоҳии шимоли кишвар аст, аллакай таваҷҷӯҳи худро ба корхонаҳои хурд ва миёнаи соҳибкории кишоварзӣ  равона кардааст, ки он беш аз сеяки сандуқи қарзии ташкилотро ташкил медиҳад.  

Директори кулли “Арванд” Шоира Содиқова гуфт: “Дар “Арванд” мо боварии комил дорем, ки ҳатто дар вақтҳои мушкил барои иқтисодиёти кишварамон мо бояд қарзҳоро дастраси мардум кунем ва таваҷҷӯҳи хешро ба соҳаи кишоварзӣ равона карда, баҳри дастгирии рушди баъдибӯҳронии ин соҳа кӯшиш намоем. “Арванд” аввалин шуда дар бисёр ташаббусҳо дар ин соҳа иштирок мекунад. Ин барномаи нав боз як имконияти наверо ба мо пеш хоҳад овард, то ин ки мо талаботҳои муштариёни худро тавассути усули нав қонеъ созем. Итминон дорам, ки таҷрибаву муносибатҳои шариконаи қавӣ ва тӯлонии мо бо муштариён, инчунин филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии мо, ки 60 фоизи онҳо дар манотиқи деҳот ҷойгиранд, боиси бомуваффақ амалигардонии барнома хоҳад гашт”.

Барномаи ТРСКТ ҷадидтарин дар силсилаи лоиҳаҳо мебошад, ки баҳри дастгирии соҳаи соҳибкории кишоварзӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

БАТР аллакай Барномаи дастгирии молиявӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро (TAFF) бомуваффақ амалӣ гардонидааст, ки дар доираи он 72 миллион доллари ИМА ба деҳқонон тавассути ташкилотҳои молиявии маҳаллии шарик равона карда шуда буд, ки ин маблағҳои донорӣ аз ҷониби ИМА, ИА, Люксембург ва Хазинаи БАТР барои кишварҳои давраи барвақти гузариш пешниҳод шуда буданд.

Фоизи зиёди хатҳои қарзии БАТР, ки барои қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин ба ширкатҳои соҳаи соҳибкории кишоварзӣ мераванд.  

Илова бар ин, Гурӯҳи БАТР доир ба машварат барои соҳибкории кишоварзӣ ба ширкатҳои соҳаи соҳибкории кишоварзӣ мушовирону маслиҳатҳо оид ба соҳибкориро пешниҳод менамояд ва дар самти ташаккули занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мебарад. Дар яке аз намунаи охирин БАТР саҳмиядори миноритарии Ашан Тоҷикистон гардид, ки он ба наздикӣ гипермаркети нахустинро дар кишвар ифтитоҳ намуд ва зиёда аз 200 таъминкунандагони маҳаллиро муайян кард, ки онҳо алҳол бо гипермаркети номбурда ҳамкориро оғоз карда истодаанд.

То имрӯз БАТР беш аз 670 миллион доллари ИМА-ро ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Dushanbe

Editorial sections
Tajikistan