БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ: ДАР ТОҶИКИСТОН БО ДАСТГИРИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ОБТОЗАКУНӢ ДАР ШАҲРАКИ ИСТИҚЛОЛ (ТАБОШАР) ОҒОЗ ШУД
Имрӯз 15 декабри соли 2016 тарҳи наве, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, кори худро ҷиҳати сохтмони корхонаи тозакунии об дар шаҳраки Истиқлол (собиқ Табошар) шурӯъ намудааст. Ин тарҳ як шохаи барномаи васеъи Иттиҳоди Аврупо барои барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ мебошад. Лоиҳа ҷавоби бевосита ба муроҷиати мақомот ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати маблағгузории корҳои зиёди барқарорсозии экология мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, чунки он на танҳо оби радиоактиви конҳоро безарар мегардонад, балки ҳамчун лоиҳаи нахустин меъёрҳои тозакунии обро барои лоиҳаҳои шабеҳ дар минтақа муқаррар месозад. Ин ба манфиати мардуми Тоҷикистон хоҳад буд, зеро корхона оби тозашударо барои истифодаи хонагӣ ва обёрӣ таъмин мекунад.
Сохтмони иншооти обӣ бо маслиҳат бо ҳамаи тарафҳои дахлдор анҷом дода мешавад. Ҳама ҷонибҳои манфиатдор, хусусан аҳолии маҳаллӣ, дар бораи пешрафти татбиқи лоиҳа доим бохабар шуда, корҳои дарпешистода бо маслиҳати зич бо онҳо амалӣ мегардад. Лоиҳа аз ҷониби марказе, ки махсусан ба ин мақсад дар Тоҷикистон таъсис меёбад, татбиқ мешавад. Маркази татбиқи лоиҳа низ ҳамчун нуқтаи тамос барои ҳамаи ҷонибҳо ва мардуми манфиатдор хизмат мекунанд.
Тарҳи мазкур тибқи таҷрибаи пешқадами байналмиллалӣ ва санадҳои ҳуқуқию меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ин тариқ фоидаи бештарро ба кишвар ва мардуми он хоҳад овард. Лоиҳа дар асоси тадқиқоти амиқи вазъи ҳозираи Табошар тарҳрезӣ шудааст.
Ин лоиҳа як қисми стратегияи умумии Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ бо диққати махсус ба Тоҷикистон аст. Он бори дигар аз муттафиқии халқҳои Аврупо ва Тоҷикистон гӯё аст. Ҳоло марҳилаи тарҳрезии лоиҳаҳои барқарорсозии муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом расида истодааст. Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ (МАГАТЭ) ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар ин корҳо фаъолона ширкат варзида, истифодабарии таҷрибаи пешқадами байналмилалиро таъмин мекунанд.
Ахиран дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) як фонди махсус барои барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ таъсис карда шуд. Ба ин фонд бисёр донорон саҳмгузоранд ва он лоиҳаҳои ояндаи барқарорсозии экологиро дар конҳои собиқи урани Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мекунад. Шарикон метавонанд ба ин фонд саҳми худро гузоранд, зеро маблағгузории мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ шарти муҳими муваффақият аст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консортсиуме бо сарварии ширкати олмонии "ГЕОС" ва ҷалби ширкати олмонии "Висмут" дар лоиҳаи "Тарҳи муфассал ва муҳандисии иншооти обӣ дар Табошар" кор карда истодаанд. Ин тарҳ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи "Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ" маблағгузорӣ карда мешавад. Тарҳи мазкур бо буҷети умумии 2,5 миллион евро дар давоми 36 моҳ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми татбиқи лоиҳа таҷрибаи сохтмони ингуна иншоотҳо дар дохилу хориҷи Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта мешавад.
Маълумоти бештар дар бораи ин лоиҳа метавон аз Мудири калони лоиҳаи ИА ҷ-би Мартин Андерсен тариқи суроғаи почтаи электронӣ: martin.andersen@ec.europa.eu гирифт.