THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Коршиносони ИА мутахассисони наркологро дар Тоҷикистон омӯзониданд

25.04.2017
Teaser

Ду коршинос аз Олмон омӯзиши миллии дурӯзро дар Тоҷикистон гузарониданд, ки омӯзиши мазкур барои понздаҳ коршиносони миллӣ аз ҷумлаи наркологон, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва шахсоне, ки дар гузашта гирифтори бемории нашъамандӣ буданд, аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат пешбинӣ шуда буд.

Text

Ду коршинос аз Олмон омӯзиши миллии дурӯзро дар Тоҷикистон гузарониданд, ки омӯзиши мазкур барои понздаҳ коршиносони миллӣ аз ҷумлаи наркологон, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва шахсоне, ки дар гузашта гирифтори бемории нашъамандӣ буданд, аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат пешбинӣ шуда буд.

 

Ин омӯзишӣ дуюме, ки дар Тоҷикистон гузаронида шуд, ба ҷанбаҳои гуногуни табобати беморони бемориҳое, ки вобаста бо истеъмоли маводҳои психоактивӣ мебошанд, бахшида шуда буд. Иштирокчиён мавзӯъҳои зеринро муҳокима намуданд: қоидаҳои умумии ахлоқи тиббӣ ва кодекси ахлоқии равоншинос/нарколог, вобастагии спиртӣ ҳамчун патологияи иловагӣ ба беморони нашъамандӣ, инчунин мавзӯъ оиди моддаҳои нави психоактивӣ.

 

Иштирокчиёни омӯзиш ҳолатҳои душворро аз таҷрибаҳои худ таҳлил карданд ва истифодаи принсипҳои ахлоқиро дар кори худ муҳокима намуданд. Тренерон низ бо иштирокчиён муҳокима ронданд, ки мавзӯъҳои  дар давоми ду тренингҳо гузаронида шуда то чӣ дараҷа барои онҳо фоиданок буданд.

  

Гурӯҳи кории миллӣ, ки иборат аз даҳ то понздаҳ табибон ва кормандони иҷтимоӣ мебошанд, дар чунин омӯзишҳо, ки аз ҷониби коршиносони Олмон, Белорус ва Австрия гузаронида мешаванд, дар соли 2017 иштирок меварзанд. Пас аз хатми ин силсилаи омӯзишҳо ба коршиносони маҳаллӣ сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешавад.

 

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсати миллии онҳо доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад. Барномаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ гашта истода аст.

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Мавҷигул Азизулоева, Ҳамоҳангсози миллии Барномаи CADAP дар Тоҷикистон, тел.: (+992) 98 584 32 70, почтаи электронӣ: mavjigul.azizulloeva@giz.de

 

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Душанбе

Editorial sections
Tajikistan