Муколамаи сатҳи баланд миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи марказӣ оид ба масоили сиёсату амният
Бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 8 июни соли 2017 муколамаи чоруми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) баргузор шуд. Афғонистон ҳамчун меҳмони махсус ба ин муколама даъват шудааст.
Мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ доир гашта, аз тарафи Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хонум Динара Кемелова мизбонӣ мешуд ва Муовини Котиби генералии Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ҷаноби Жан-Кристоф Беллиар дар ин ҷаласа раисӣ кард.
Муколамаи мазкур фурсати хубест барои ҳаллу фасл намудани масъалаҳои сиёсиву амниятӣ, ки барои ҳамагон мояи нигаронист. Иштирокчиён дар иртибот ба як қатор масъалаҳо, ҳамчун мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, идоракунии сарҳадот, мубодилаи афкор карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои ояндаро дар ин самтҳо баррасӣ намуданд. Инчунин, сулҳу субот дар тамоми минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, аз назар гузаронида шуд. Дар охир, ҳангоми хӯроки пешин Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хаводису масъалаҳои минтақавиву байналмилалиро муҳокима карда, оиди фаъолгардонии кўшишҳои якҷоя дар ин самтҳо якдилии худро изҳор намуданд.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ манфиати муштараки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар равнақёбии гуфтушунид ва ҳамкориҳо дар ҷодаи амният инъикос менамояд. Он низ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ, ки дар асоси Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ ва барномаҳои зиёди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар минтақа ба даст омадааст, такя мекунад.
Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар соҳаи амният ҳамкориҳои дерина дорад, бахусус дар чорчӯбаи барномаҳои идоракунии сарҳадот "БОМКА" барои Осиёи Марказӣ ва "БОМНАФ" барои Афғонистон. Ин барномаҳо ба идоракунии ҳамаҷонибаи сарҳадот, ҳамкории наздисарҳадӣ ва ривоҷи савдои минтақавӣ равона мебошанд. Инчунин, ИА шарикони Осиёи Марказиро дар мубориза алайҳи маводи мухаддир тавассути Барномаи пешгирии паҳншавии маводҳои нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ба номи "КАДАП" ва дигар барномаи фаромарзии минтақавии Иттиҳоди Аврупо ба номи "ИЮ-АКT", ки бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккилона равона ҳастанд, дастгирӣ мекунад.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба масоили сиёсӣ ва амниятӣ ба таври мунтазам доир мегардад. Муколамаи аввалин соли 2013 дар шаҳри Брюссел баргузор шуда буд. Даври навбатии муколама дар соли 2018 мегузарад.