THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Лоиҳаи ИА-БОМНАФ гузаргоҳи сарҳадии Оқина дар сарҳади Афғонистон ва Туркманистонро таъмир ва бозсозӣ кард

19.06.2017
Teaser

Барои беҳтар кардани ҷараёни қонунии рафтуомади одамон ва молҳо ва тақвияти мубориза бо қочоқ лоиҳаи БОМНАФ, ки муштарак ба Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ таалуқ дорад, ба наздикӣ сохтмони бинои навро барои назорати шиноснома, бақайдгирӣ, тафтишоти гумрукӣ ва воситаҳои нақлиёт дар доираи лоиҳаи бозсозии гузаргоҳи сарҳадии Оқина дар вилояти Форёб, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон, дар марзи Афғонистон ва Туркманистон анҷом дод.

Text

 

 

 

 

Барои беҳтар кардани ҷараёни қонунии рафтуомади одамон ва молҳо ва тақвияти мубориза бо қочоқ лоиҳаи БОМНАФ, ки муштарак ба Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ таалуқ дорад, ба наздикӣ сохтмони бинои навро барои назорати шиноснома, бақайдгирӣ, тафтишоти гумрукӣ ва воситаҳои нақлиёт дар доираи лоиҳаи бозсозии гузаргоҳи сарҳадии  Оқина дар вилояти Форёб, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон, дар марзи Афғонистон ва Туркманистон анҷом дод. Бинои мазкур аз ҳоҷатхонаҳо ва ҳаммомҳои ҷамъиятии ҷудогона барои мардон ва занон ва девори симтӯриву симхорӣ бо масоҳати тақрибан 180,000 метри мураббаъи дар минтақаи баста барои беҳтаркунии амният иборат мебошад. Корҳо аз тарафи ширкати “Оксус Бохтар Инҷинеринг енд Констракшн” анҷом дода шуданд. Онҳо барои сохтмони бинои мазхкур аз қувваи кории маҳаллии ноҳияи Андхуй ва мутахассисон аз Мазори Шариф истифода бурданд. Бинои мазкур бо низоми маҳаллии таъминоти об ва қувваи барқии шаҳр, ки аз ноҳияи Андхуй таъмин мегардад, пайваст карда шудаанд.

Кормандони лоиҳаи БОМНАФ ба ин ноҳия дар доираи таҳқиқот барои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳогузории эҳтиёҷот дар соли 2015 ташриф оварда буданд. Дар он вақт қайд шуда буд, ки бо мақсади татбиқи тартиботи расмӣ ва тафтишот дар сарҳад  - Пулиси сарҳадии Афғонистон аз бинои соддае, ки онро худашон сохта буданд ва он шароити зарурӣ барои кор надошт, истифода мебурданд. Бинобар ин, бо дархости баҳрагирон лоиҳаи БОМНАФ таъмир ва бозсозии гузаргоҳи сарҳадиро ба руйхати сохтмонҳои афзалиятдошта дохил намуд ва дар охири соли 2016 сохтмони ин биноро оғоз кард.

Худи ҳамон сол президентҳои Туркманистон ва Афғонистон расман роҳи оҳани байни Туркманистон ва Афғонистонро кушоданд, ки он ба воситаи гузаргоҳи сарҳади Оқина мегузарад. Ин гузаргоҳи сарҳадӣ дар масири муҳими воридот-содирот барои корхонаҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон ва ҳамчунин барои савдои хурди маҳаллии байнисарҳадӣ қарор дорад; он ҳамчунин ба сифати масири таъминоти сӯзишворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми минтақа машҳур мебошад. Садҳо мошинҳои боркаш ва вагонҳои роҳи оҳан ҳар ҳафта аз ин гузаргоҳи сарҳадӣ мегузаранд. Онҳо пиёз, картошка, тухми кунҷит, чормағз ва анорро аз Афғонистон ба Туркманистон ва намудҳои гуногуни сӯзишвориро аз Туркманистон ба Афғонистон мебаранд.

Комиссари гузаргоҳи сарҳадӣ, полковник Абдушшукур Ниёзӣ, таъкид кард, ки бинои ба наздикӣ сохташуда ба Пулиси сарҳадии Афғонистон дар кӯшишҳои он ҷиҳати идоракунӣ ва назорати дурусти марз, махсусан мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба тиҷорати қонунӣ кӯмаки калон мерасонад.

Роҳбари лоиҳа Вилям Лоренс гуфт, ки «мо хурсанд ҳастем, ки ин иншооти муҳимро ба баҳрагирони худ дар Афғонистон месупорем ва бесаброна беҳтаршавии иқтидори Пулиси сарҳадии Афғонистонро дар ин гузаргоҳи сарҳадии ҳаётан муҳим интизор ҳастем». Лоиҳаи БОМНАФ ба ғайр аз сохтмон ҳамчунин омӯзиши кормандони пулисро ташкил менамояд ва бо ҳамин роҳ онҳо минбаъд баланд бардоштани самаранокӣ ва иқтидори Пулиси сарҳадии Афғонистонро дар сарҳадҳои шимолии Афғонистон бо Осиёи марказӣ таъмин менамояд.

Барои гирифтани маълумоти бештар бо Роҳбари лоиҳаи БОМНАФ, Вилям ЛОУРЕНС, тавассути почтаи электронии зерин тамос гиред: william.lawrence@undp.org

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Душанбе-Кобул-Ашқобод

Editorial sections
Tajikistan