THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Барномаи Дастгирии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон баррасӣ мегардад

15.03.2018
Teaser

Дар доираи татбиқи Барномаи дастгирии сифати таълим I дар ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ҷаласаи дуюми Роҳбарикунандаи Кумитаи Лоиҳаҳо баргузор мегардад.

Text

Дар доираи татбиқи Барномаи дастгирии сифати таълим I дар ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ҷаласаи дуюми Роҳбарикунандаи Кумитаи Лоиҳаҳо, ки дар он маълумот дар бораи пешрафти иҷрои фаъолияти лоиҳа дар давраи дуюми татбиқ, аз августи соли 2017 то январи соли 2018 пешниҳод карда мешавад, баргузор мегардад.

 

Дар рафти ҷаласа муҳокима ва баҳогузорӣ самтҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  • пешрафти лоиҳаҳо дар давраи дуюми ҳисоботӣ,
  • комёбиҳои ноилшуда, монеаҳо ва мушкилотҳо;
  • нақшаи кории лоиҳаҳо дар шаш моҳи ояндаи давраи иҷроиш.

 

Таъсиси Кумитаи Роҳбарикунии Лоиҳа (КРЛ) бо супориши  Техникии лоиҳа "барои назорат ва тасдиқи самти умумӣ ва сиесати Барномаи Дастгирии Сифати Таълим I - ППКО I, дар ҳама қисматҳояш", пешбинӣ шудааст.

 

Бо мақсади саҳми худро гузоштан дар рушди низоми муосири таҳсилот, ки қобилияти тайёр кардани шаҳрвандони маълумотдошта ва ихтисосмандро, ки ба «ҷаҳони меҳнат» омода буда, ба муътадилии сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва беҳбудии иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат карда метавонанд, лоиҳаҳо аз санаи 1 феврали соли 2017 оғоз шуда, то 31 июли соли 2020 фаъолият мекунанд.

 

Мақсади лоиҳа - дастгирӣ намудани рушди муосир ва бардавоми низоми «РКД» («НПР») барои омӯзгорони фанҳои амалии соҳаи ТИКТ ва ба талаботи омӯзгорон ҷавобгӯ аст, мебошад.

 

Фаъолияти лоиҳавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва тамоми соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълимро, ки дар сохтори ВММША ҶТ мебошад, дар бар мегирад.

 

Чорабинии болозикр рӯзи 16 марти соли 2018 соати 9-30 (бақайдгирӣ 8-30 то 9-30) дар меҳмонхонаи Ҳаятт Риҷенси, толори конфронси “Риҷенси Болрум”дар қабати якум баргузор мегардад.

 

Барои иттилоотҳои иловагӣ ба намояндаи лоиҳа дар Тоҷикистон муроҷиат намоед,  ба: ҷ-би Фахриддин Раҳимов, Х-м Салима Имомназарова бо рақами: +992 91 932 71 71, +992 939 03 01 63 , +992 918 76 67 96, ё бо e-mail: Fahriddin.Rakhimov@gopa.de, salimaalimas@gmail.com ва ба Х-м Маҳбуба Абдуллоева, мушовир оид ба матбуот ва иттилоот намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо e-mail: Mahbuba.Abdulloeva@eeas.europa.eu.

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Dushanbe

Editorial sections
Tajikistan