THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Дар Душанбе масъалаи татбиқи паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуд

21.02.2019
Teaser

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе вобаста ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) дар Тоҷикистон семинар баргузор гардид.

Text

 

Семинар аз ҷониби Маркази ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (Женева), ФҶ «Нотабене» ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар доираи лоиҳаи «Мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳо дар самти ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо баргузор карда шуд.

Семинарро ба гузориши ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои ошноии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо тартиботи кумита ва ҳангоми таҳияи гузоришҳои ТҒД бахшида шуда буд.

Семинарро мутахассисони Маркази ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (Женева) гузарониданд. Мавзӯъҳои семинар инҳоро дар бар гирифтанд: тақвият додани донишҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба раванди татбиқи ПБҲШС; боло бурдани сатҳи истифодабарии механизми мазкур миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон;  пешбурди ҷараёни омодасозии гузориши муштараки ҷомеаи шаҳрвандӣ тибқи номгўи суолҳо барои пешниҳод намудан ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон; маълум намудани мушкилоти асосие, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дучор меояд, инчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти СММ оид ба ҳуқуқи инсон, бо шумули Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсон; коркарди нақшаи мушаххаси чорабиниҳо бо нишон додани мӯҳлатҳои омодасозии гузориш.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Давлатова Шоира, тел.: (+992) 446257611 почтаи электронӣ: ichrp.tj@gmail.com.

Гурӯҳ
Press releases
Ҷойгиршавӣ

Душанбе

Editorial sections
Tajikistan