Тартибот оид ба савдо дар Тоҷикистон бо муқаррароти СУС (Созмони умумиҷаҳонии савдо) бобати Созишномаи сабук намудани савдо муқоиса карда мешаванд
Иттиҳоди Аврупо пешкаш намудани кӯмаки назарраси худро дар самти ҳамкориҳо нисбати бехатарии сархад ва сабукгардонии савдо дар Осиёи марказӣ давом дода истодааст. Дар ин робита, дар чорчӯбаи барномаи Идоракунии сарҳадот дар Осиёи марказӣ (БОМКА), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда истодааст, сафари мутахассисон аз ИА бобати расонидани кӯмаки тахассусӣ шурӯъ аз 26-уми сентябри соли 2016 дар Душанбе оғоз мегардад. Мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ бо ҳам вохӯрда оиди таҷрибаи ба даст овардаи Тоҷикистон дар вақти аъзогӣ дар СУС, тартиботи мавҷуда дар самти савдо ва масоили гумрук, ки пас аз ҳамроҳ шудан ба СУС дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, мувофиқати он тартибот бо созишномаи СУС оиди сабук гардонидани савдо муҳокимаронӣ мекунанд ва тавсияномаҳои мушаххасро баҳри андешидани чораҳои минбаъда, ки дар ин самт бояд татбиқ гарданд, қабул хоҳанд намуд.
Ин фаъолияти БОМКА барои пешниҳод намудани дастгирии машваратӣ ба давлатҳои Осиёи марказӣ дар бобати баҳо додани чорабиниҳои марбут ба сабук гардонидани савдо равона гардидааст. Дар шароити Тоҷикистон, диққати махсус ба пешниҳод намудани дастгирӣ дар бахши тақвият додани малака бобати татбиқ намудани Созишномаи СУС оиди сабук гардонидани савдо (TFA) дода мешавад, бо назардошти он ки аъзогӣ дар СУС доштани қонунгузории устувор ва шаффофро, ки дар заминаи қоидаҳои бисёрҷониба қабул гардидааст, тақозо мекунад.
Дар рафти вохӯриҳои дуҷониба ва семинарҳо, ҳам мутахассисони байналмилалӣ ва ҳам маҳаллӣ санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ ва чорабиниҳои марбутаи маъмуриро, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, бо диққати махсус ба тағйироту иловаҳои дохил гардида пас аз аъзогӣ дар СУС, дида мебароянд. Дар асоси мубодилаи афкор ва муҳокимарониҳо бо мутахассисони маҳаллӣ, Ҳисобот оиди Таҳлили Муқоисавӣ нисбати чорабиниҳои сабукгардонии савдо, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд ва мутобиқати он бо муқаррароти СУС (TFA) тайёр карда мешавад. Ин ҳуҷҷат ҳамчун дастурамал барои пешбурди чорабиниҳо бобати сабук гардонидани савдо хизмат хоҳад намуд, ки баҳри рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва ободии кишвар, беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон ва шомил гардидани ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст.
Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидани Тоҷикистонро ба ин созмон моҳи декабри соли 2012 тасдиқ намуд ва 2-юми марти соли 2013 хамчун санаи расмии аъзогӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон 159-ум кишваре гардид, ки аъзои СУС гардид ва дуюмин давлат дар байни кишварҳои Осиёи миёна мебошад. Қирғизистон соли 1998 аъзои СУС гардида буд.
Аввалин фаъолияти БОМКА дар Осиёи марказӣ соли 2003 оғоз гардид ва аз ҳамон вақт БОМКА тавонист ҳамкориро бо Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи марказӣ дар самти идоракунии сарҳадот пурзӯр намояд. Аз соли 2003 то 2014 Иттиҳоди Аврупо ба барномаи БОМКА 33.6 миллион Евро ҷудо намуд ва баҳри амалӣ гардонидани марҳилаи 9-уми ин барнома барои солҳои (2015-2018) боз қариб 5 миллион Евро ҷудо намуда истодааст.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо намояндаи БОМКА дар Тоҷикистон тавассути телефони – +992 93 467 75 77 ё ин ки тариқи почтаи электронии said.alyamov@icmpd.org тамос гиред.