Шарикони маҳаллӣ барномаи пешгирикунии истеъмоли маводҳои нашъаоварро дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доданд
Бисту шаш шарики миллӣ аз Вазорати маъориф ва илм, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ, Хадамоти наркологӣ, Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохила, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар семинари миллӣ доир ба тартиб додани услубҳои пешгирикунии истеъмоли маводи нашъаовар иштирок варзиданд.
Барномаи CADAP 6 давомати сиёсати Иттиҳоди Аврупоро муаррифӣ менамояд ва ҳамкории дарозмӯҳлат бо шарикони Осиёи Марказӣ баҳри мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсати миллии онҳо дар паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад. Барномаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиум аз кишварҳои Нидерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша, Олмон ва аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH амалӣ мешавад.
Семинари мазкур баҳри омода намудани татбиқи нахустини барномаи пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар байни наврасон ва ҷавононе равона шудааст, ки истеъмолкуниро сар карданд, вале ҳоло ба бемории нашъамандӣ гирифтор нашудаанд. Дар рафти семинар аъзоёни гурӯҳи корӣ механизми гузаронидани маъракаҳои пешгирикуниро тартиб доданд (сессияҳои омӯзишӣ, мониторинг ва баҳогузории маъракаи пешгирикунӣ, тартиб додани дуто буклет дар бораи маърака – барои мутахассисон ва беморон, пурсишнома, масъалаҳои ҷалб кардани ҷавонон ба барнома, инчунин масоили корӣ).
Барномаи CADAP 6 бо буҷаи 4,9 миллион Евро, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории стратегии байни ИА ва Осиёи Марказӣ ва дар асоси Нақшаи амалиётҳои ИА доир ба мубориза бар зиддӣ маводи нашъаовар дар солҳои 2014-2020 амалӣ гашта истодааст. Дар давраи солҳои 2001 то 2013, ИА чорабиниҳои барномаи CADAP дар Осиёи Марказиро ба маблағи 20,7 миллион Евро маблағгузорӣ намуд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба Мавҷигул Азизулоева, Ҳамоҳангсози миллии барнома бо телефонҳои (+992) 98 584 32 70, ё тариқи почтаи электронӣ – mavjigul.azizulloeva@giz.de муроҷиат намоед.