THIS CONTENT HAS BEEN ARCHIVED

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо БОМНАФ механикҳои Афғонистонро дар Тоҷикистон омӯзиш медиҳад 

07.06.2016
Teaser

Тибқи гузориши лоиҳаи БОМНАФ (Идораи марзҳо дар шимоли Афғонистон) вобаста ба БРСММ ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз курси таълимиро барои нигоҳдорӣ ва таъмири чорчархаҳои Поларис (мошинҳои ҳарҷогард) барои 12 корманди пулиси сарҳадии Афғонистон баргузор намуд.

Main Image
Text

Чун қисме аз ҳадафи лоиҳаи БОМНАФ тақвият додани зарфияти идоракунии сарҳадот дар марзҳои Афғонистон бо Осиёи Марказӣ дар баробари ташвиқи мубодила ва тиҷорати қонунии сарҳадӣ мебошад, ҳамаи чорчархаҳои ҳарҷогард аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба баҳрагирон эҳдо карда шуд. То ҳоли ҳозир, зарфияти одамони омӯзишдида дар Афғонистон дар сатҳи паст қарор дорад ва ниёз барои дониши механикӣ дар миёни идораҳои сарҳадии Афғонистон боиси эҷоди монеаҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмири мошинҳо шудааст.

Шарикони бахши омӯзишии Лоиҳа Пит Соузерн ва Дай Эванс, коршиносони салоҳиятдори Поларис аз Британияи Кабир, се курси ҷудогонаи омӯзишӣ дар мавриди маҳоратҳои асосии нигоҳдорӣ баргузор намуданд ва ин ҳафта онҳо барои баргузории семинари омӯзишии якҳафтаина ба Душанбе бозгаштанд. Ин чорабинӣ барои иштироккунандагони беш аз ҳама фаъол аз курсҳои қаблӣ таъйин шуда буд ва ба сабаби дарёфти зуди раводид ва дастгирии консулӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон онҳо барои омӯзиши пешрафтаи маҳоратҳои таъмиргарии чорчархаҳои харобшуда даъват шуданд. Пит ва Дай аз дилгармии иштироккунандагон, ки дар саросари курс нишон доданд, хеле шод шуданд ва ин дилгармӣ ва хоҳиши бештар омӯхтан дар саросари курс нигоҳ дошта шуд.

Баҳрагирандагони курс имкон доштанд як қатор мушкилот ва нуқсонҳоро дар 11 чорчархаи шикаста, харобшуда ва аз кормонда ташхис ва таъмир намоянд, ки аз қитъаҳои пулиси сарҳадии Афғонистон ба анборҳои лоиҳа дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуда буданд. Ҳамон гуна, ки аксҳо нишон медиҳанд, онҳо нақши фаъол дар таъмири ин чорчархаҳо доштанд ва ҳамаи 11 чорчарха ба зудӣ бозпас фиристода хоҳанд шуд.

Таълими сатҳи болои амалӣ дар ин курс ба иштироккунандагони Афғонистон маҳоратҳои амалии мавриди ниёзи пулиси сарҳадии Афғонистонро таъмин намуд. Онҳо фоидаҳои нигоҳубини пешгиронаро ҳамчун воситаи то ҳадди ақал коҳиш додани мушкилоти механикӣ дарк мекунанд, вале онҳо ҳоло медонанд, ки чӣ гуна он мушкилотро ҳал кунанд, ки мумкин аст рӯй диҳанд ва ба ҳамин тариқ мошинҳо ҳар чӣ зудтар ба роҳ андохта шаванд.

Дар маросими хотимаёбӣ ба ҳамаи донишомӯзон шаҳодатнома, СД-и дорои дастурҳои амниятӣ ва нигоҳдории чорчарха, комплекти касбии калидҳо барои кумак дар оянда дода шуд.

Менеҷери лоиҳаи БОМНАФ мутааллиқ ба БРСММ ва Иттиҳоди Аврупо Вилям Лоуренс ба кишвари Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбон изҳори сипос кард, аз кормандони лоиҳа, донишомӯзон ва муаллимон ситоиш кард ва бо ин гуфтаҳо курсро хотима бахшид, ки онҳо бояд хушҳол бошанд ва ифтихор кунанд, ки талошҳои муштараки онҳо боиси муваффақияти гурӯҳе аз афсарони пулиси сарҳадии Афғонистон гардид ва онҳо ҳоло метавонанд бо сари баланд ба ватани худ бозгарданд ва дар рушди кишвар кумак кунанд. “Ҳамаи шуморо табрик мекунам” – гуфт ҷаноби Лоуренс, “Лоиҳаи БОМНАФ ба шумо беҳтарин хушиҳоро орзу мекунад ва мо умедвор ҳастем, ки шуморо ҳангоми кор дар сарҳад, таъмир ва нигоҳдории таҷҳизоти эҳдокардаи Иттиҳоди Аврупо ба кишвари шумо бубинем”.

Барои маълумоти бештар лутфан тамос гиред бо Вилям Лоуренс – менеҷери лоиҳаи БОМНАФ аз тариқи: william.lawrence@undp.org.

Editorial sections
Tajikistan